Бо дастгирии ҳамватанони бурунмарзӣ, ки дар Федератсияи Россия кору фаъолият ва зиндагӣ менамоянд дар ҷамоати деҳоти “Истиқлол”-и ноҳияи Носири Хусрав сохтмони пул, ки дарозиаш 16 метрро дар бар мегирад, дар арафаи анҷомёбист.
Тавре аз бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Носири Хусрав хабар доданд, ин пул бо маблағи 80 ҳазор сомонӣ дар рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки баъди ба истифода додани пули мазкур боз 3 километр роҳи деҳаро аз ҳисоби ҳамватанони бурунмарзӣ мумфарш менамоянд. Бояд қайд намуд, ки назорати иҷрои корҳои сохтмонии пул ва мумфаршкунии роҳ ба зиммаи бахши Хадамоти муҳоҷират вобаста карда шудааст.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Носири Хусрав баҳри боз ҳам бештар намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ҷамоату деҳоти ноҳия аз ҷониби ҳамватанони бурунмарзӣ, корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намуда, дар оянда корҳои созандагиро боз ҳам вусъат хоҳанд дод.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Носири Хусрав