Ҷаласаи Комиссия байниидоравӣ

[:tj]3 май таҳти раисии муовини Раиси вилояти Суғд – раиси Комиссияи байниидоравии танзимӣ равандҳои муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ҷаласаи навбатии Комиссияи мазкур доир гардид.

Ёдовар мешавем, ки ба ҳайати ин Комиссия роҳбарони раёсатҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, беҳдошти замин ва обёрӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷданӣ, Кумитаи заминсозӣ, Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум, ШСХК «Барқи тоҷик», КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», шўъбаҳои саноат ва энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия ва муовинони раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо шомил мебошанд.

Дар ҷаласаи навбатӣ дар баробари аъзоёни Комиссия мудири шўъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷдании Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Шўҳрат Дилшодов, сармутахассиси Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Хадамоти муҳоҷират Маҳмуд Давлатов, ҳуқуқшиносӣ Хадамоти муҳоҷират Хуршед Ятимзода, мудирони шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят ва намояндагони воситаҳои ахбор иштирок намуданд. Дар ҷаласа панҷ масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷаласаро Анвар Яъқубӣ ифтитоҳ бахшид. Баъдан гузориши муфассали Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ оид ба вазъи кунунии муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ шунида шуд, ки хусусияти таҳлилию танқидӣ дошт.

Вобаста ба ҳамин масъала ҳамчунин муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои Исфара С. Умарзода, Зафаробод М. Шарифзода, Деваштич М. Шарифзода ба сухан баромаданд. Дар рафти саволу ҷавоб раиси Комиссия аз муовини раиси шаҳри Хуҷанд Ҷ. Абдуқаюмзода, шаҳри Панҷакент П. Шодиев, мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи МИҲД-и вилоят О. Шарифзода, муовини сардори раёсати маорифи вилоят С. Раҳматов, мудирони шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияҳои Айнӣ Б. Ғайбуллоев, Зафаробод И. Турсунов, Кўҳистони Мастчоҳ М. Ниёзов вобаста ба муаммою мушкилиҳои муҳоҷирати дохилию экологӣ, аз ҷумла ба вуҷуд овардани инфрасохтор пурсиш ба амал овард.

Қабл аз ҷамъбасти маҷлис мудири шўъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷдании Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Шўҳрат Дилшодов низ дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, роҳбарияти шаҳру ноҳияҳоро ба эътибори бештар додан ба ҳалли мушкилоту муаммоҳои муҳоҷирони дохилию экологӣ ва дастгирии онҳо даъват намуд.

Зимни вазифагузориҳои худ Анвар Яъқубӣ дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи МИҲД-и вилоят баррасӣ намудани масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати дохилию экологӣ, баъди баргузории он барои масъулини соҳа ташкил намудани хониши 3-4-рўзаи иқтисодӣ ва пеш аз ҷудо гардидани қитъаи замин барои муҳоҷирон дақиқкорона омўхтани мавзеъҳоро лозим шуморид.

Ҷаласа аз ҷониби раиси Комиссия Анвар Яъқубӣ ҷамъбаст гардлид.

                                                                                         Мардон Қурбонов[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо