ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КУМИТАИ ҶУМҲУРИЯВИИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МУСОИДАТ БА ШУҒЛИ АҲОЛӢ

[:tj]Бо мақсади ба роҳ мондани муколамаи иҷтимоӣ барои муайян ва амалӣ гардонидани сиёсати шуғли аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкории сетарафаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳияи қарорҳо, пешниҳодҳо ва тавсияҳои мувофиқакардашуда Кумитаи ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ таъсис дода шудааст, ки фаъолияти ташкилоту муассисаҳоро новобаста ба шакли моликияташон дар самти бокортаъминкунии аҳолии бешуғл ҳамоҳанг месозад.

Вобаста ба ин, 26 июни соли равон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Г. Ҷабборзода ҷаласаи навбатии Кумитаи ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ доир гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳо «Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар ВМКБ» ва «Оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2018, №438 «Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2018, №1084 дар шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ҳисор, Файзобод, Нуробод ва Лахш» баррасӣ гардид.

Дар баррасии масъалаҳо муовинони вазирони молия, маориф ва илм, кумитаҳои кор бо занон ва оила ва ҷавонон ва варзиш афкори андеша карданд. Аз рўи масъалаҳои муҳокимашуда дар интиҳои ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

                                                    Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли

                                                                аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо