[:tj]
Таҳти раиси ситоди дохилидоравии Хадамоти муҳоҷират оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии «коронавирус» (Ковид-19) Тоҳир Каримзода ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа таъкид шуд, ки бо назардошти афзун гардидани шумораи гирифторони бемории сироятии «коронавирус» дар кишварҳои ҷаҳон ва Тоҷикистон ситод оид ба пурзўр намудани тадбирҳои зидиэпидемикӣ барои пешгирии паҳншавии сирояти нави «коронавирус» (CОVID-19) дар ҷумҳурӣ, тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби бахшу, шуъбаҳо ва раёсатҳои Хадамот зарур шуморид.
Ҳамчунин дар ҷаласа ҷиҳати истифодаи ҳатмии ниқоб дар корхона, фароҳам овардани шароит барои коргарон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Инчунин таъкид гардид, ки новобаста аз он, ки барои муолиҷаи беморон имконият вуҷуд дорад, кормандони Хадамоти муҳоҷиратро мебояд ба хабару овозаҳои бардуруғ дода нашуда, ба таҳлука наафтанд, худсарона ба истеъмоли маводи гуногуни доруворӣ даст назананд ва ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои беморӣ ҳатман бо телефонҳои боварӣ ба табибон ва мутахассисон муроҷиат намоянд.
Дар фарҷом Тоҳир Каримзода, иброз намуд, ки айни замон дар Хадамоти муҳоҷират барои кормандон ниқобҳои тиббии муҳофизатӣ, антисептикҳо ва дорувориҳои зидиэпидемикӣ таъмин гардидааст.
Анвар ЮСУПОВ
[:]