Ҷамбасти нўҳ моҳа дар Хадамоти муҳоҷират

[:tj]

9-уми октябри соли равон дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси ҳайати мушовара оид ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар 9 моҳи соли равон ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид.

Дар он Сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Моёншо  Маҳмадбеков, Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода, муовини сардори Хадамот, инчунин сардорон ва муовинони раёсатҳо, шуъбаҳо ва сохторҳои зертобеи он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин роҳбарони Муассисаҳои давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе, Суғд, Хатлон  ва ВМКБ иштирок намуданд.

Сипас дар назди ҳозирин ҳисоботи 9 моҳа аз тарафи муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират Муқим Ниёзов шунида шуд. Зимни баромади хеш, ў қайд кард, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ шумораи муроҷиаткунандагон барои гирифтани маслиҳатҳои муфид дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ 84386 нафарро ташкил дод. Аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон 68039 нафарро мардҳо ва 9256 нафарро занҳо мебошад.

Бояд иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳангоми санҷиш 37172 нафар шаҳрвандони кишвар, ки ба онҳо ворид гардидан ба ҳудуди Федератсияи Россия манъ аст, ошкор карда шуда аз сафари бебарор  худдорӣ намуданд, ки аз теъдоди умумии болозикр ба 9141 нафар тавсия ба касбомўзӣ ва ба 6049 нафар тавсия барои ҷойи кор дар дохили кишвар дода шуд. Дар натиҷа 700 нафар дорои касб гардида, 1350 нафар дар дохили кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Мутаассифона ба ҳолати 9 марти  соли 2017 рўйхати манъшудагон, ки аз ҷониби ФР пешниҳод гардид, теъдоди манъшудагон 258 065 нафарро  ташкил дода буд, ки  воридшавиашон онҳо ба ФР муваққатан манъ карда шуда будаанд. Дар ҳалли ин қаъзия хушбахтона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо Президенти Федератсияи Россия Путин В.В. дар шаҳри Душанбе барои беҳдошти шароити будубоши муҳоҷирони тоҷик андешидарони намуда, ҷиҳати иҷрои созишҳои сарони ҳар ду давлат барои муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои дохилии ФР дастур дода шуд. Дар  асоси супориши мазкур фармоиши дохилии Вазорати корҳои дохилии ФР аз 25 март то 24 апрели соли 2017 ба тасвиб расид, ки тибқи он дар тамоми қаламрави Федератсияи Россия авфи муҳоҷирон  эълон гардид. Дар натиҷа нисбати 106 ҳазору 104 нафар муҳоҷирони меҳнатии кишварамон санад тартиб дода шуда, авф эълон шуд. Инчунин, зиёда аз 19 ҳазор шаҳрвандони мо ҳолати будубоши худро дар ФР ба расмият дароварданд.

Новобаста аз корҳои анҷомдодашуда, ҳанўз ҳам корҳо дар самти омодагии пеш аз сафар, касбомўзӣ ва забономўзии муҳоҷирони меҳнатӣ натиҷаҳои дилхоҳ надоданд. Ташвиқу тарғиби муҳоҷирони меҳнатӣ ба омўзиши касбу ҳунар ва омодагии пеш аз сафари онҳо яке аз масъалаҳои афзалиятноки танзими ин раванд буда, тақвияти бештари корро дар ин самт тақозо дорад.Тибқи 5 категория шаҳрвандоне, ки барои вурудшавии дубора ба ФР ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиати хаттӣ мекунанд, масъалаи мазкур хеле вақти зиёдро талаб мекунад ва дар иртибот ба ин масъала дар давраи ҳисоботӣ  ба Хадамот 194 аризаи муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ намуд, ки мутаассифона танҳо 86 нафар ҷавоби мусбӣ гирифтанду халос, ки ин ниҳоят нишондоди паст буда, боиси мушкилотҳои зиёдро дар ин самт ба миён меорад.

Аз 1 то 31 августи соли равон аз ҷониби кормандони Шуъбаи пешгирии муҳоҷирати ғайриқонуни, дар 27 ширкатҳое, ки дорои иҷозатнома аз Хадамоти муҳоҷират барои ҷалби қувваи корӣ хориҷи ба ҷумҳурӣ доранд, санҷишҳо гузаронида шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар маҷмуъ аз 27 ширкати мавриди санҷиш қарор додашуда ҳамагӣ дар 6 ширкат таносуби кормандони хориҷӣ нисбат ба кормандони маҳаллӣ 10 ба 90 фоиз риоя карда мешавад. Яъне ҳамагӣ дар 27 ширкати болозикр дар баробари 440 нафар шаҳрвандони хориҷӣ 6361 нафар шаҳрвандони маҳаллӣ фаъолияти меҳнатӣ менамоянд.

Дар ҷумҳурӣ нисбати 353 (315) нафар шаҳрвандони хориҷӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ин теъдод 134 (140) нафар аз қаламрави ҷумҳурӣ бо қарорҳои судӣ берун карда шуданд.

Сипас ҳисоботи сардорони раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, Суғду Хатлон,  инчунин шуъбаву бахшҳо дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва директорони «Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» оид ба камбудиҳои ҷойдошта шунида шуд.

Сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорат аз фаъолияти кормандони Хадамоти муҳоҷират дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ қаноатмандӣ намуда, иброз намуд, ки он камбудиҳои ҷойдошта ҳарчӣ зудтар бартараф намоянд.

Сардори Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати пурзур намудани самтҳои фаъолият кормандонро вазифадор намуд.

                                                               Анвар Юсупов

                                      хабарнигори рӯзномаи “Шуғл ва муҳоҷират”

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо