[:tj]8-уми октябр дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси ҳайати мушовара оид ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар 9 моҳи соли ҷорӣ ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид.
Дар он муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллозода, сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода, муовинони сардори Хадамот, инчунин сардорон ва муовинони раёсатҳо, шуъбаҳо ва сохторҳои зертобеи он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин роҳбарони Муассисаҳои давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе, Суғд, Хатлон ва ВМКБ иштирок намуданд.
Сипас дар назди ҳозирин ҳисоботи 9 моҳа аз тарафи сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода шунида шуд. Аз ҷумла, ў қайд кард, ки яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки фаъолияти Хадамоти муҳоҷират – ин қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба ҳолати 20 сентябри соли 2018 ба дастгоҳи Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он 44712 нафар шаҳрвандон бо дархост муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо 40729 нафар шифоҳӣ, 405 нафар муроҷиати хаттӣ ва 3578 нафари онҳо бо телефони боварӣ муроҷиат намуданд.
Ҳангоми санҷиши шаҳрвандон пеш аз сафар ба Федератсияи Россия 12603 нафар, ки дар рўйхати мамнўъшудагон дар маҳзани маълумоти Хадамоти муҳоҷират мавҷуд буданд, онҳо аз сафари бебарор баргардонида шуда, воридшавиашон ба муддати муайян ба ФР манъ карда шуд.
Алҳол, бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани ин категорияи шаҳрвандон Хадамот, фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 2015, №57 “Барномаи бокортаъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки воридшавиашон ба ФР ва дигар кишварҳо манъ аст” дастури амал қарор дода, аз ҷониби сохторҳои хадамот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар нуҳ моҳаи соли ҷорӣ, ба 4638 нафар тавсия ба касбомўзӣ, ба 2296 нафар тавсия барои ҷойи кор дар дохили кишвар дода шуд. Дар натиҷа 944 нафар дорои касб гардида, 621 нафар дар дохили кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд.
Ҳамзамон ширкатҳое, ки иҷозатнома барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба ҷумҳурӣ доранд, дар баробари ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ таносуби бокортаъминкунии шаҳрвандони ватаниро риоя намуда, ба ҳолати имрўза 7110 нафар шаҳрвандон, ки воридшавии онҳо ба Федератсияи Россия манъ шудааст, дар ин ширкатҳо фаъолият намуда истодаанд. Дар маҷмўъ дар давраи ҳисоботӣ 7731 нафар бо ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар таъмин карда шуданд.
Сипас ҳисоботи сардорони раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, Суғду Хатлон, роҳбарони МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» ва инчунин шуъбаву бахшҳо дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба камбудиҳои ҷойдошта шунида шуд.
Муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллозода аз фаъолияти кормандони Хадамоти муҳоҷират дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ қаноатмандӣ намуда, супориш дод, ки он камбудиҳои ҷойдошта ҳарчӣ зудтар бартараф карда шуда, корро дар самти ном ба ном дар рўйхат қайд намудани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ ҷоннок намоянд.
Сардори Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати пурзур намудани самтҳои фаъолият кормандонро вазифадор намуд.
Анвар Юсупов
[:]