[:tj]3-уми январ дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ маҷлиси Шўрои Хадамоти муҳоҷират оид ба ҷамъбасти фаъолияти соли 2019 ва вазифаҳои минбаъда барои нимсолаи аввали соли 2020 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолӣ Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Саидасрор Саидов, сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода, муовинони сардори Хадамот, инчунин сардорон ва муовинони раёсатҳо, шуъбаҳо ва сохторҳои зертобеи он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, директорони МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар ш.Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ иштирок намуданд.
Нахуст, Сардори Хадамот Тоҳир Каримзода иштирокунандагонро муаррифӣ намуда, ба кори ҷаласа оғоз бахшид.
Дар баромадаш Сардори Хадамот қайд намуданд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он 50593 нафар шаҳрвандон бо дархост муроҷиат кардаанд, ки аз он 47737 нафар тариқи шифоҳӣ, 257 муроҷиати хаттӣ ва 2599 нафари онҳо бо телефони боварӣ.
Аз ҷониби сохторҳои Хадамот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, тибқи муқаррарот ба 10352 нафар тавсия ба касбомўзӣ, ба 1946 нафар тавсия барои ҷойи кор дар дохили кишвар дода шуд. Дар натиҷа 674 нафар дорои касб гардида, 492 нафар дар дохили кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Тибқи маълумотҳои Гурўҳи экспертии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати муҳоҷирати ВКД –и Федератсияи Россия (тибқи 5 категория яъне якҷояшавии оила, патент, иҷозати кор, иқомат барои зист, бемор ва амволи хона) шаҳрвандоне, ки иҷозати вурудшавии дубора ба ФР мегиранд, дар ин муддат 130 аризаи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардида, ба масъулини ВКД Россия ирсол гардид, ки дар натиҷа 28 аризаи шаҳрвандон ҳалли худро пайдо намуданд.
Айни замон 66 ташкилоти ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангӣ ва диаспораҳои тоҷикон ба таври расмӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, 2 ташкилоти ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Украина, 8 ташкилоти ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва 1 ташкилоти ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон фаъолият доранд, – афзуд Т.Каримзода.
Сипас, ҳисоботи сардорони раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ, Суғду Хатлон, инчунин шуъбаву бахшҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва директорони Марказаҳои машваратӣ оид ба фаъолияти солона ва камбудиҳои ҷойдошта шунида шуд.
Дар фарҷоми ҷаласа сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолӣ Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Саидасрор Саидов дар бораи мушкилот ва ҳалли проблемаҳои ҷойдошта дар самти муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷамъоварӣ ва коркарди маълумотҳои оморӣ, омўзиши бозори меҳнатӣ хориҷа, беҳтар намудани фаъолияти Марказҳои машваратӣ, ҷоннок намудани кор бо ширкатҳои интиқоли муҳоҷирони меҳнатӣ, ташкили курсҳои тахассусӣ, пурзўр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба воридшавии онҳо ба ҳар гуна ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва дигар ибрози ақида намуд.
Анвар ЮСУПОВ
[:]