Ҷамъбасти фаъолияти нӯҳмоҳа дар Раёсат

[:tj]Ҳафтаи сипаригашта дар асоси нақшаи Хадамоти муҳоҷират бо иштироки кормандони дастгоҳи Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, мудирони шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан ва шаҳру ноҳияҳо ҷаласаи ҳисоботӣ доир гардид.

Дар рафти он масъалаҳои натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Раёсат дар нӯҳмоҳаи соли 2017 ва рафти обуна ба нашрияҳои даврӣ, аз ҷумла рӯзномаи «Шуғл ва муҳоҷират» (ба таври илова) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Маҷлисро бо сухани ифтитоҳӣ Сардори Раёсат З. Шарифӣ  кушод.

Дар идомаи маҷлис сармутахассиси Шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Р. Раҳимов оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти нӯҳмоҳа ҳисобот дод. Дар ҳисоботи муфассал бурду бохти ҳар як самти фаъолият нишон дода шуд.

Баъди шунидани ҳисоботи мазкур оид ба вазъи муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ мудири бахш Ҳ. Зоидов гузориш дод. Вобаста ба масъалаи мазкур Сардори Раёсат аз мудирони шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Исфара, Деваштич, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ пурсиш ба амал овард.

Ҳамчунин гузориши мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан А. Хидиров оид ба рафти бақайдгирии муҳоҷирон ва мутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ, Ф. Самадов оид ба вазъи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави вилоят шунида шуд.

Дар назди аҳли толор мудирони шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои пилотии Конибодом, Истаравшан ва Бобоҷон Ғафуров вобаста ба фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ бо касбу забономӯзӣ, шаҳодатномакунонии малакаҳо ва таъмин намудани онҳо бо корҳои мавсимию доимӣ ҳисобот доданд.

Пеш аз ҷамъбасти маҷлиси ҳисоботӣ ҳамзамон масъалаи обуна ба рӯзномаи “Шуғл ва муҳоҷират” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Маҷлиси ҳисоботӣ бо вазифагузориҳои Сардори Раёсат ба охир расид.

                                                                     Раёсати ХМ дар вилояти Суғд[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо