Ҷамъбасти фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар соли 2015 ва нақшаҳои минбаъдаи он

[:tj]15-уми январи соли равон, дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Маҷлиси Шуърои ҷамъбастии фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар соли 2015 ва вазифаҳои минбаъда дар соли 2016 баргузор гардид.

Дар ҷаласа, Муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҶТ Абдусалом Мирзозода, Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода, муовинони Сардори Хадамот – Муқим Ниёзов ва Толибҷон Шарипов, инчунин сардорону муовинони раёсатҳо, шӯъбаҳо ва сохторҳои тобеъи он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуданд.

Нахуст, Сардори Хадамот Тоҳир Каримзода иштирокунандагонро муаррифӣ намуда, ба кори ҷаласа оғоз бахшид.

Hisoboti solona 2015 1Зимни баромади хеш Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода қайд намуд, ки 28 майи соли 2015 ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Россия оид ба татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Россия ва шаҳрвандони Россия дар Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар ҷаласаи мазкур тибқи Рӯзномаи тасдиқгардида раванди иҷрои қарорҳои ҷаласаи 9 гурӯҳи кории мазкур ва вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ муҳокима гардида, як қатор масъалаҳо аз ҷумла, ҷараёни таҳияи 4 адад лоиҳаҳои созишномаҳои мутақобила оид ба реадмиссия ва протокол дар бораи тартиби иҷрои он, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират, оид ба таъминоти иҷтимоӣ (суғуртаи нафақавӣ), оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба амалбарории фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

Пешниҳодоти дигари ҷониби Тоҷикистон дар хусуси гузаронидани корҳои иловагӣ ҷиҳати иттилосозии зерсохторҳои мақомоти дахлдор дар минтақаҳои Федератсияи Россия алалхусус, дар бораи эътибори муқаррароти Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи мазкур вобаста ба фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар қаламрави давлатҳои якдигар аз 16 октябри соли 2004, ки имкони тамдиди муҳлати иҷозатнома барои корро барои шаҳрвандони Тарафҳо то се сол пешбинӣ менамояд, ба Протоколи ҷаласа ворид карда шуд.

Бояд қайд кард, ки Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати иҷрои супоришҳои Протоколи ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Россия оид ба амалигардонии Созишномаи байни Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ аз 16 октябри соли 2004, лоиҳаи Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба созишномаи болозикр гардида ҷиҳати тамдид намудани мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои гирифтани патент то 90 рӯз барои фаъолияти корӣ аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ФР таҳия намуда, барои баррасӣ ва пешниҳод унвонии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ манзур намуд. Айни замон лоиҳаи Протокол тибқи муқаррарот таҳия ва барои баррасӣ ба ҷониби мақомоти дахлдори Федератсияи Россия ирсол гардидааст.

Рӯзи 15 апрели соли 2015 дар шаҳри Москва ҷаласаи 17-уми Шӯрои Роҳбарони мақомоти муҳоҷирати (СРМО) давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид, ки аз ҷониби Тоҷикистон ба нақшаи мазкур ва ба рӯзномаи ҷаласаи навбатӣ ( 18-ум) таклифҳо пешниҳод карда шуд.

Hisoboti solona 2015 4

Аз 21 то 23 сентябри соли 2015 дар шаҳри Москва ҷаласаи 11 -уми Гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Россия оид ба тадбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 октябри соли 2004) баргузор гардид. Дар ҷаласа Ҷонибҳо масъалаҳои муҳим оид ба муҳоҷирати меҳнатиро мавриди баррасӣ қарор дода, масъалаҳои барраси шуда дар Протоколи ҷаласаи мазкур дарҷ гардида, ба имзо расонида шуд ва тибқи тартиби муқаррар гардида мавриди иҷро қарор дода мешаванд.

Тибқи фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶумҳурииТоҷикистон аз 20 июли соли 2015, №74 гурӯҳи кории Вазорат дар якҷоягӣ бо Хадамоти муҳоҷират таъсис дода шуд, ки аз 3 то 25 августи соли 2015 бо аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба муҳоҷирати бехатар, муқаррароти қонунҳои Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои будубош дар самти муҳоҷират, гирифтани шиносномаҳои хориҷӣ, сертификат дар бораи донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои давлати Федератсияи Россия, тартиби аз муоинаи тиббӣ гузаштани муҳоҷирони меҳнатӣ ва гирифтани Патент барои кор, роҳ надодан ба қонунвайронкунӣ, эҳтиёт аз бемориҳои эҳтимолии сироятӣ, эпидемиологӣ, расонидани кӯмакҳои молиявию маънавӣ ба аҳли оила, нигоҳ доштани оила ва посдоштани асолати он, инчунин риояи нангу номус ва одоби тоҷикона, арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ, миллию суннатӣ, баргузории ҷашнҳои давлатию миллӣ ва дигар масъалахои ба муҳоҷират вобаста вохуриву суҳбатҳо гузарониданд.

Дар соли 2015 ба Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он 112 183 (аз ин 10 000 нафар занҳо 9%) нафар шаҳрвандон, аз онҳо 100 601 -нафар шифоҳӣ, 2 794- нафар хаттӣ ва 8 788- нафар бо телефони боварӣ оид ба масъалаҳои муайян намудани ҳолати беруншавӣ (депортатсия) аз Федератсияи Россия, қонунгузории кишвари кордиҳанда, оид ба гирифтани патент дар Федератсияи Россия, барқарор намудани ҳуҷҷатҳои гумшуда, кумакуёрӣ расонидан барои ба Ватан баргаштани хешовандон ва ғайра муроҷиат намудаанд.

Бо мусоидати Хадамоти муҳоҷират дар давраи ҳисоботи 36 292 нафар шаҳрвандони кишвар, ки дар рӯйхати мамнӯъшудагон дар маҳзани маълумоти Хадамот мавҷуд буданд, аз сафари бебарор баргардонида шуда, айни ҳол 333 391 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар рӯйхати сафарашон ба Федератсияи Россия манъгардида қарор доранд. Руйхати мазкур ба тамоми зерсохторҳои Хадамоти муҳоҷират дастрас карда шуда, муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд, дар маҳалли зисташон пеш аз ба Федератсияи Россия сафар намудан аз санҷиш гузаранд.

Мутобиқи маълумоти баҳисобгирии рафту омади шаҳрвандон тавассути гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ дар соли 2015 656 417 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар сафар намуда, аз ин теъдод 564 366 нафар мард ва 92 051 нафарро занон ташкил медиҳанд. Аз 656 417 нафар шаҳрвандонони сафаркарда 552 596 нафари онҳо муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳисоб мераванд, ки 487 929 нафар мардон ва 64 667 нафарашонро занон ташкил дода, 541 636 нафар ба Федератсияи Россия ва 10957 нафар ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар кардаанд.

Дар ин давра аз хориҷи кишвар 463 498 нафар шаҳрвандон ба Ватан бозгаштанд, ки аз ин теъдод 402 129 мард ва 61 369 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии шаҳрвандони баргашта 388 953 нафари онҳо муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳисоб рафта, 347 954 нафарашон мардон ва 40 639 нафари дигарро занон ташкил медиҳанд.
Бояд қайднамуд, ки дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади таъмини саривақтӣ ва сифатноки талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, №378 ба Раёсатҳои Кумитаи амнияти давлатии миллӣ дар минтақаҳои Рашт ва шаҳри Турсунзода оид ба ташкили ҳамкории кормандони қушунҳои сарҳадӣ ва кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷиргатол дар гузаргоҳи сарҳадии «Қарамиқ» ва дар шаҳри Турсунзода дар гузаргоҳи сарҳадии «Дустӣ» оид ба бақайд гирии рафтуомади шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб ирсол гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ аз 43 субъекти хоҷагидор, ки дорои иҷозат (литсензия)-и интиқоли муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи кишвар мебошанд, танҳо 14 субъект нисбатан фаъол буда, аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират ба 23 субъекти дигар аз сабаби фаъолияти амалӣ надоштан мактуб ҷиҳати бозпас гардонидани иҷозат (литсензия) ирсол карда шуд. Тибқи маълумотҳои пешниҳод гардида аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор 868 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ- шаҳрвандони ҶТ барои кор ба хориҷи кишвар фиристонида шудаанд, аз ҷумла: аз вилояти Суғд- 576 нафар, шаҳри Душанбе ҶДММ Ҷамол-2012 – 60 нафар, ҶДММ «Авто-Тоҷикистон» – 24 нафар, МД “Агентии бокортаъминкуни дар хориҷа” ба ФР -115 нафар ба Ҷумҳурии Қазоқистон- 93 нафар.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 2014, №390 дар системаи Хадамоти муҳоҷират таъсиси 10 Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки айни замон ду муассисаи мазкур дар шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғ ба фаъолият шуруъ намудаанд.

Бояд қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ байни Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе ва Кумитаи бокортаъминкунии шаҳри Санкт Петербурги Федератсияи Россия қарордоди ҳамкорӣ дар самти муҳоҷират баста шуд, ки ҷиҳати ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ –шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои фаъолияти расмӣ дар корхонаву ташкилотҳои шаҳри Санкт Петербург мусоидат хоҳад кард.

Дар соли сипаригашта ба 192 субъекти хоҷагидор иҷозатнома оид ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби мутахассисони баландихтисоси хориҷӣ дода шуд.Дар ин муддат 10218 аризаи шаҳрвандони хориҷӣ оид ба гирифтани иҷозат барои кор ба қайд гирифташуда, мавриди баррасӣ ва иҷро қарор дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 – 3482 ариза зиёд мебошад.

Дар маҷмуъ, дар давраи хисоботи ҳамагӣ (дар доираи квота ва бидуни квота) ба 10218 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатӣ иҷозати кор дода шудааст, ки барои бо ҷои кор таъмин гардиданди 40 848 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намудааст.

Дар давоми соли 2015 кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират оид ба пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, фаъолияти меҳнатӣ ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи марказ амалиётҳои санҷишӣ гузаронида, зиёда аз 113 ширкатро таҳти санҷиш қарор дод ва муайян намуданд, ки дар ин ширкатҳо 4113-нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба фаъолияти меҳнатӣ машғулбуда, 6980-нафар шаҳрвандони мо боҷои кор таъмин шудаанд. Дар натиҷа 1870 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиро амалӣ менамоянд, барои гирифтани иҷозат барои кор ба шуъбаи иҷозатномадиҳӣ ирсол карда шудаанд. Онҳо асосан шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҶИ Эрон, Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Итолиё, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия ва дигарон мебошанд.

Тибқи қарори Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон аз 3 декабри соли 2012, №677 соли 2015 дар ҷумҳурӣ 481 оила ихтиёрӣ оила кӯчонида шуданд: аз ҷумла дар вилояти Хатлон – 227 оила, Суғд 86 оила ва НТҶ–168, ки ин 100%-и нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Мутаассифона, сари вақт иҷро нагардидани вазифаҳои ба зима доштаашон аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор иҷроиши қарори мазкурро ба таъхир андохта, сабаби бозгашти муҳоҷирон ба ҷойи зисти пештарашон гардида истодааст. Оиди иҷрои қарори мазкур Хадамоти муҳоҷират унвонии вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар салоҳияташон гузошташуда мактуби расмӣ ирсол намуда, масъалаи мазкур санаи 26 июни соли 2015 дар маҷлиси Ҳайати мушовараи вазорат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бояд қайд кард, ки айни замон 83 ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангӣ ва диаспораҳои тоҷикон ба таври расмӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, 2 ташкилоти ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Украина ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон фаъолият доранд.

Дар давраи ҳисоботӣ Хадамоти муҳоҷират дар якҷоягӣ бо лоиҳаи “MEIUX” – Таҷрибаи Шурои Аврупо дар самти муҳоҷират санаи 10-11 декабри соли 2015 дар Меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе Форум оид ба мустаҳкамсозии ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диаспора баргузор намуд, ки дар он намояндагони диаспораҳои тоҷикӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии муқими Россия аз минтақаи Твер, Новоссибирск, Иркутск, коршиносонии лоиҳаи “MEIUX”, намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, намояндагони вазорати идораҳои ҷумҳурӣ, намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират дар давраи ҳисоботи як қатор вохуриҳои судмандро оид ба дурнамои ҳамкориҳои Хадамот бо котиби якум оид ба корҳои сиёсати Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Николас Катсакис, бо мутахассиси Бонки Ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои камбизоат Раҷабов А., бо Роҳбари Намояндагии Хадамоти федералии муҳоҷирати Россия дар ҶумҳурииТоҷикистон Маркевич В.В., бо Ирина Матвеева – ҷонишини роҳбари Ширкати “Второй Дом”бо Намояндаи Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират (МОМ) дар шаҳри Москваи ФР Павел Шалюс доир намуд.

Хадамоти муҳоҷират новобаста аз душвориҳои ҷойдошта, бо мақсади танзими раванди муҳоҷират, ҷустуҷӯи бозори иловагии меҳнат, баланд бардоштани сатҳи касбомӯзӣ, забономӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ, омӯзиши тағйиротҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия оиди будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин кишвар, вусъати равобит бо диаспораҳо, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалби онҳо ба рушди иқтисодиёти мамлакат корҳои ташкилӣ, иттилоотӣ-фаҳмондадиҳро вусъат дода, назорати риояи қонунгузории миллиро аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ ба роҳ монда, ҷиҳати танзими масъалаҳои муҳоҷират чораҳои амалӣ ба сомон мерасонад.

Сипас, ҳисоботи сардорони раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ, Суғду Хатлон, инчунин, раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират оид ба фаъолияти солона ва камбудиҳои ҷойдошта шунида шуд.

Hisoboti solona 2015 6

Дар фарҷом Муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Мирзозода дар бораи мушкилот ва ҳалли проблемаҳои ҷойдошта дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, дурнамо ва ояндаи фаъолияти сохторҳои Хадамот ибрози ақида намуда ба ҳозирин супоришҳои мушаххас дод.

Дар хотима ба ғолибони маъракаи “Обуна-2015” ба рӯзномаи “Шуғл ва муҳоҷират” “Сипоснома” ва мукофотҳои пулӣ дода шуд.

Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода ҷиҳати пурзур намудани самтҳои фаъолият кормандонро вазифадор намуд.

               Анвар Юсупов
хабарнигори рӯзномаи “Шуғл ва Муҳоҷират”.[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо