Ҷамъбасти фаъолияти Хадамот дар нимсолаи якум

9 июли соли равон бо иштироки сардори раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Самадов ва Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар шаш моҳи аввали соли равон ва вазифагузорӣ барои нимсолаи дуюм доир гардид.

Дар ҷаласа сардори Хадамот дар бораи натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли равон маърӯза намуда, қайд кард, ки бо мақсади татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷалб ва сафарбаркунии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи кишвар ва танзими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ корҳои амиқу мушаххас роҳандозӣ карда шуд.

Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки бо мақсади танзими масъалаҳои муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ, ҷиҳати муайян намудани дурнамои муҳоҷирати дохилии аҳолӣ, банақшагирӣ ва ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта, аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ кӯчонидани муҳоҷирони дохилӣ, мусоидат дар бунёди шаҳракҳои наву замонавӣ ва инфрасохтори зарурӣ дар мавзеъҳои зисти муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ, инчунин корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои табиӣ, ба мавзеъҳои бехавф кӯчонидани аҳолӣ, аз минтақаи зериобмонии Нерӯгоҳи барқии обии Роғун кӯчонидани аҳолии шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод, дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои саривақтии қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ тадбирҳои амалӣ андешида, аз аввали соли ҷорӣ як қатор корҳоро анҷом дод.

Дар интиҳои ҷаласа сардори раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорат барои бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта тавсияҳо дода, аз рӯи масъалаҳои баррасишуда дар шӯро қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо