[:tj]23 феврал дар толори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ба муносибати 25 – солагии таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Сардори Хадамот Тоҳир Каримзода баён намуд, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пояи боэътимоди давлатдорӣ буда, нақши Артиши миллӣ дар таҳкими сулҳу суботи кишвар назаррас мебошад.
Ҳимояи Ватан, марзу бум ва таъриху фарҳанги миллӣ вазифаи ҷавонони шуҷои Ватан аст. Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихору шарафи Ватани мо мебошанд.
Тавре Сарвари давлат дар Паёми имсолаашон баён доштанд: «Мо ба фарзандони ҷасуру далери халқамон, ҳомиёни Ватани маҳбубамон эътимоди комил дорем ва бо онҳо фахр мекунем». Моро мебояд ба боварии Роҳбари давлат ва мардум бо рафтору гуфтори нек, дониши баланд, шуҷоату далерӣ ва мардонагиву ҷасурӣ сазовор бошем.
Зикр гардид, ки барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби мардонагӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизати марзу буми Ватанро меомӯзанд. «Вақте ки мо ватандўстӣ мегўем, пеш аз ҳама, муҳофизати Ватан ва якпорчагии марзу буми кишварро дар назар дорем. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандўст афзун намудани дастовардҳои Истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки ин рисолати Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад»,- иброз дошт сардори Хадамот.
Сипас Рухшона Ёрмамадова, Сайдалӣ Мусофиров, собиқадорони Артиш Хуршед Ятимзода ва Суҳроб Тошев ба сухан баромада, ҳозиринро табрик намуданд.
Дар ҳамин ҷамъомад Тоҳир Каримзода ва полковник Хуршед Ятимзода бо Ифтихорномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Ба ҳозирин аз таъсисёбӣ ва ташаккули Артиши миллӣ филми мустанад намоиш дода шуд.
Анвар Юсупов хабарнигори рўзномаи «Шуғл ва муҳоҷират»[:]