[:tj]«Конститутсия санади асосии давлатдорӣ, муҳимтарин рукни низоми ҳуқуқии кишвар, роҳнамои рушди мамлакат ва муаррификунандаи давлат ба ҳисоб меравад». Ин нукта дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 25 – умин солгарди қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ дар Хадамоти муҳоҷират 29 октябри соли равон доир гардид, зикр карда шуд.
Дар он сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода баромад намуда иброз дошт, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба халқи Тоҷикистон муяссар гардид, ки 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ санади муҳими миллӣ –Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намояд. Гуфта шуд, ки мақсади асосии халқ ҳангоми қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли он, муқаддас эълон намудани озодӣ ва ҳуқуқи шахс, эътироф намудани баробарҳуқуқӣ ва дўстии тамоми миллату халқиятҳо, бунёди ҷомеаи адолатпарвар буда, дар Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў арзиши олӣ эътироф гардидаанд.
«Имрӯз аксарияти давлатҳои ҷаҳон барномаи давлатсозӣ ва тақдири минбаъдаи халқу миллати худро маҳз тавассути Конститутсия муайян намуда, дар доираи он ормонҳои миллии худро амалӣ менамоянд», – гуфт Тоҳир Каримзода ва ҳамчунон афзуд, ки «Қабули Конститутсия яке аз дастовардҳои бузург ва нодири халқи тоҷик дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб меравад».
Иштирокчиёни ҷамъомад иброз доштанд, ки мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуд.
Дар фарҷом ба иштирокчиёни ҳамоиш филми мустанад намоиш дода шуд.
Анвар Юсупов
[:]