Ҷашни 26-умин солгарди қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ дар Хадамоти муҳоҷират

[:tj] 

         «Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишвар санади воқеан таърихӣ ва тақдирсози миллат буда, Истиқлолияти давлатии тоҷиконро дар сатҳи қонуни асосии кишвар сабт менамояд». Ин нукта дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 26 – умин солгарди қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ дар Хадамоти муҳоҷират 5 ноябри соли равон доир гардид, зикр карда шуд.

Дар он сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода баромад намуда иброз дошт, бисту шаш сол муқаддам, яъне 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд ва ташаккулу рушди қонунгузории давлати соҳибистиқлоламонро муайян намуд. Баъди истиқлолият ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назардошти гузариш аз як сохти иҷтимоӣ ба дигар сохти иҷтимоӣ, зарурати мувофиқ гардонии сохтори давлатӣ ба шароити нави рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва давлатдорӣ ба миён омад. Инчунин, усул ва меъёрҳое, ки дар Конститутсия ифода ёфтаанд, заминаи инкишофи низоми ҳуқуқии кишварро муайян намуда, волоияти онро нисбат ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намуд.

Дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, зарурати қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалагузорӣ гардид ва дар муддати кӯтоҳтарин бо ташаббуси Сарвари хирадманд ва оқили мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи олимон ва ҳуқуқдонҳо гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Вазифаи гурӯҳ таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Дар санаи 13-уми апрели соли 1993 лоиҳаи пурраи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардид ва бо қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда шуд ва аз ҷониби шаҳрвандон санаи 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Дар он мардуми сарбаланди тоҷик бо мақсади муқаррар кардани ҳолати ҳуқуқии шахс дар дохил ва хориҷи кишвар, яъне ояндаи давлату миллати худ фаъолона иштирок карда, раъйи худро доданд.

Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ояндаи давлату миллати моро муқаррар мекунад. Тибқи моддаи 6-уми он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Намунаи олии он ин аст, ки имрӯз халқ бевосита Сарвари давлатро интихоб менамояд ва дар мақомоти олии қонунгузор ва намояндагӣ вакилони худро интихоб намуда, дар идораи давлат бевосита ё бавосита иштирок менамояд.

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузургу нодир ва ифтихори миллати тоҷик буда, маҳз бо шарофати таҳия ва қабули ин санади тақдирсоз роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид, – гуфт Т. Каримзода.

                                                                                                    Анвар ЮСУПОВ [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо