Ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолият дар Хадамоти муҳоҷират

[:tj]         Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон  давлатамон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ  эътироф гардида, дар  роҳ ба сӯи рушди  мустақилона қадамҳои  устувор гузошт. Ин нукта 6 сентябр зимни маҷлиси тантанавӣ, ки дар Хадамоти муҳоҷират бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки  кормандони дастгоҳи марказӣ, МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” ва Раёсати Хадамот дар шаҳри Душанбе доир гардид, садо дод.

Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода иштирокдорони маҷлиси тантанавиро бо ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, иброз дошт, имрӯз рушду нумуи давлати мо аз ҳар самте, ки нигарем, бо касби истиқлолият пайванд мебошад ва дар заминаи ғояи муқаддаси истиқлолияту озодӣ ҳадафҳои бунёдии ҷомеаи навинамон амалӣ  мешаванд.

Роҳи созандаву бунёдкоронае, ки миллати сарбаланди тоҷик таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли даврони истиқлолият тай намуд, мактаби бузурги давлатории навини миллиро ба ҷомеаи ҷаҳон муаррифӣ намуд. Заминаҳои давлати комилҳуқуқу соҳибихтиёрро таҳким бахшид, қудрату нерумандии давлатро ба миён овард ва дурнамои самтҳои рушди минбаъдаи ҷомеаро барои наслҳои оянда муайян намуд.

Дар ин айём Тоҷикистон дар ҷаҳони пуртазоди муосир бо ҳифзи вижагиҳои милливу таърихии халқ роҳу равиши хосса ва бесобиқаву нотакрори худро дарёфт, асосҳои сохтори конститутсионӣ ва рукнҳои ҳокимияти давлатиро таҳким бахшид ва самтҳои ҷараёни инкишофро муайян намуда, бунёди ҷомеаи озоду адолатпарварро ҳадафи олии миллату давлат қарор дод.

Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 сол муқаддам,  аниқтараш 9 сентябри соли 1991  Истиқлолияти давлатӣ ба даст овард. Он барои миллати тоҷик неъмати бузург буда, таҷлили ин санаи таърихӣ барои  мардуми тоҷик ҷашни фархунда арзёбӣ мегардад. Дар ин росто, бо назардошти вазъи  зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳифзи ин неъмати бебаҳо – Истиқлолияти давлатӣ барои  ҳар як  фарди ҷомеа  муҳим буда, танҳо бо роҳи ифодаи садоқат ба Ватан, миллат, ваҳдат, меҳнати софдилона    ва худогоҳӣ метавонем   дар пешрафту шукуфоӣ,  таъмини суботу осоиштагии сарзаминамон  ва ҳифзи  Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳар гуна  таҳдидҳои замони муосир  саҳмгузор бошем.

Сипас фильми мустанад, ки кормандони шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзӣ Хадамот омода намудаанд пешкаш гардид.

Дар фарҷом чанд нафар кормандони фаъоли дастгоҳи марказӣ  бо “Ифтихорнома”- и Хадамоти муҳоҷират сарфароз гардонида шуданд.

                                                                                             Анвар ЮСУПОВ

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо