Ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолият дар Хадамоти муҳоҷират

[:tj] 

Соли равон аз эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муқаддастарин ва бузургтарин ҷашни мардуми тамаддунсози тоҷик мебошад, 29 сол сипарӣ мегардад. Маҳз бо шарофати ин дастоварди бузурги таърихӣ мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намуданд. Ин нукта 8 сентябр зимни маҷлиси тантанавӣ, ки дар Хадамоти муҳоҷират бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки  кормандони дастгоҳи марказӣ ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе доир гардид, садо дод.

Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода иштирокдорони маҷлиси тантанавиро бо ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, иброз дошт, Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолиятро неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерӯбахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллатамон номидаанд, ки барҳақ дуруст аст.

Хурду бузурги мардуми тоҷик аз он ифтихор доранд, ки дар бисту нӯҳ соли истиқлолият пойдевори давлатдории миллӣ  гузошта шуда, барои таҳкими он бо заҳмати мардуми сарбаланди кишварамон корҳои бузург  ба анҷом расонида шуда,  имрӯз ба сӯи фардои осудаву обод устуворона қадам мегузоранд.

Мардуми тоҷик хуб дар ёд доранд ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад, ки солҳои аввали истиқлолият бар асари фитнаву дасисаи душманони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо Тоҷикистони азиз ба зарбаи даҳшатноку ҳалокатборе гирифтор шуда буд.

Хатари пароканда гардидани миллати тоҷик ва аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон дар он айёми фоҷиабор ба як воқеияти талхи рӯз табдил ёфта буд.

Боиси хушбахтии бузург аст, ки мардуми кишвар дар атрофи Ҳукумати қонунӣ ва фарзандони бонангу номуси худ муттаҳид шуда, ягона роҳи дуруст яъне, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявиро пеш гирифтанд.

Бо дастгириву пуштибонии самимонаи сокинон дар мамлакат оташи ҷанги таҳмилии бародаркуш хомӯш карда шуд, сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ барқарор, рамзҳои давлати соҳибистиқлол қабул гардиданд ва барои рушди ояндаи давлат, ташаккули ҳисси миллӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум заминаҳои мусоид муҳайё карда шуданд, – афзуд Т.Каримзода.

Дар фарҷом ба чанд нафар кормандони дастгоҳи маркази Хадамот шиносномаи ҲХДТ супорида шуд.

                                                                                             Анвар ЮСУПОВ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо