[:tj]Баъди таҷлили иди 73-солагии Ғалаба бар фашизм субъекти хоҷагидори ҶДММ «Суғдиён Помир Тур», ки дар вилояти Суғд амал менамояд, фаъолияти худро дар самти сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Россия боз ҷоннок намуд.
Аз ҷумла давоми рўзҳои 10-12-уми май баъди мувофиқаи рўйхаташон бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят аз ҷониби ин ширкат 6 гурўҳи муҳоҷирони меҳнатӣ ба шаҳрҳои Самара, Оренбург, Новосибирск ва Тюмени Федератсияи Россия сафарбар шуданд. Шумораи онҳо дар умум зиёда аз 200 нафарро ташкил медиҳад. Ба ҳар як гурўҳи муҳоҷирони меҳнатӣ роҳбаладони ботаҷриба вобаста шудаанд, ки онҳоро то Федератсияи Россия ҳамроҳӣ менамоянд.
Мардон Қурбонов[:]