Ҷаласаи Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30 сентябри соли равон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сатториён Матлубахон баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаи омори баҳисобгирии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз он, муҳоҷирати занон ва ҷавонон, бокортаъминкунии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа ва тадбирҳо ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар хориҷи кишвар ва иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсияи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2021-2025 мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд.

Доир ба масъалаҳои баррасишаванда гузоришҳои муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, дохилӣ, маориф ва илм, Бонки миллии Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷират ва МД “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа” шунида шуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа доир ба тақвияти танзими равандҳои муҳоҷират протоколи дахлдор қабул гардид.

Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо