Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов давоми ҳафтаи сипаригашта дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маркази ноҳия кучаи С.Шерозӣ доир ба мавзӯи «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ вобаста ба муҳоҷирати бехатар дар байни аҳли ҷомеа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин ҷалби ҷавонон ба ватандӯстию хештаншиносӣ, хизмат ба модар-Ватан корҳои фахмондадиҳӣ гузаронида, маводҳои тарғиботию ташвиқотиро тақсим намуданд.
Дар чорабинӣ асосан кормандони бахши дин, тандурустӣ, инчунин муҳоҷирони меҳнатие, ки воридшавиашон ба Федератсияи Россия манъ шудаанд ва аъзои оилаи онҳо иштирок доштанд.
Гузаронидани чунин чорабиниҳо рӯзҳои наздик низ ба нақша гирифта шудааст.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов