Ҷамъомади тантанавии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Муҳоҷир»

21 сентябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷират бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавии аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Муҳоҷир» КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур доир гардид.

Дар ҷамъомади тантанавии доиргардида Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулмаҳмадзода Зулфиқор, Сардори Хадамоти муҳоҷират раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Муҳоҷира» Каримзода Тоҳир ва аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ иштирок намуданд.

Ҷамъомади тантанавиро Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Муҳоҷир» Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир ифтитоҳ намуда, суханро ба Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулмаҳмадзода Зулфиқор дод. Дар баромадаш ӯ оид ба дастовардҳои 30-соли Истиқлоли давлатӣ ва саҳми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар раванди тарғибу ташвиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърӯза намуд.

Ҳамзамон ба 4 нафар кормандони фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии Хадамоти муҳоҷират Ифтихорнома ва Сипосномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур супорида шуд.

Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо