• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ҷанги иттиллотӣ ва таҳдиди он ба ҷомеа

admin by admin
30.05.2023
in Хабархо, Хабарҳо
0
309
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар замони таркиши иттилоотӣ ва рушди технологияҳои рақамӣ, иттилоот на танҳо дониш ва пул, балки силоҳи пурқувватест, ки он дар дасти шахсони манфиатдор мебошад.

Коршиносон дар он ақида ҳастанд, ки имрӯзҳо натиҷаи ҷанги иттилоотӣ аз ҷанги “анъанавӣ” назаррас ва харобовар мебошад. Аксари аҳолии кишваре, ки ҳадафи ҳамлаи иттилоотӣ қарор гирифтааст, ҳатто дар ин бора хабар ҳам надоранд.

Ҳадаф аз ҳамлаҳои иттилоотӣ ин маъмулан тағйир додани низоми сиёсӣ дар кишвар ва ё то ҳаддал имкон заиф кардани бехатарии миллӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мебошад.

Ҷанги “анъанавӣ” хеле гарон аст ва усулҳои иттилоотии таъсиррасонӣ ба он алтернативаи олиҷаноб буда, хеле самаранок ва аз таҷовузкор қурбонии зиёдро талаб намекунад. Дар ҳама ҷо паҳн шудани Интернет ба тарғиботгарони муосир имкон медиҳад, ки қариб дар ҳар хона ворид шаванд ва тафаккури онҳоро мағзшӯ карда, ба ақидаи ғаразноки хеш ворид созанд.

Дар байни аҳолии ҷаҳон – қурбонии ҳамлаи иттилоотӣ, фазои низоъ, ноумедӣ ба вуҷуд омада, тамоюли фаъоли афкори ҷамъиятӣ ба мушоҳида мерасад. Ҳоло дар фазои шабакаҳои иттилоотӣ ва иҷтимоӣ маълумот ва баҳсу мунозираҳои зиёде ба назар мерасанд, ки аксарияти онҳо аз ҷониби аҳолӣ, ки зиракии сиёсӣ ва дониши кофӣ барои таҳлил кардани онҳо надоранд, бо вокунишҳои беасос сурат мегиранд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ имрӯза равшан инъикос карда истодааст, ки душман ба воситаи иттилоот дар кишварҳои алоҳида муноқишаҳои мазҳабию динӣ миёни миллату қавмиятҳоро ташкил намуда, онро то табаддулотҳои давлатӣ бурда мерасонад.

Таҳлили баҳсу мунозираҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки хушбахтона мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон сафеду сиёҳро ҷудо карда метавонанд, вале ҷангиёни иттилоотӣ рӯз аз рӯз услубу тарзи мағзшӯ кардани аҳолиро такмил дода истодаанд. Таҳдиди иттилоотӣ барои мардуми мо хусуссияти беруна дорад. Маҳз хоинони миллат бо дастгирии хоҷагони худ дар кишварҳои хориҷӣ истода, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мунтазам вокунишҳои беасосу ғаразнок намуда, кӯшиши мағзшӯ кардани мардумро доранд.

Аз ин лиҳоз, барои ба вартаи ғаразноки ҷангиёни иттилоотӣ фирефта нашудани мардум, хусусан ҷавонон, ташкилу такмил додани чораҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани қобилияти таҳлилии равандҳои сиёсӣ мувофиқи мақсад аст. Зеро иттилоот беканор аст, вале истифодабарандаи он худи инсон аст. Дар ин самт такмил додани донишу малакаи таҳлилии истифодабарандагони иттилоот пеш аз ҳама муҳим мебошад.

Анвар Юсупов,
корманди масъули бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Дарси идоравӣ оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ

Next Post

Кӯдакон гулҳои зиндагии мо мебошанд

Next Post

Кӯдакон гулҳои зиндагии мо мебошанд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.