Ҷавонон – қишри асосиву муҳими ҷомеа, насли ояндасози Ватан ва пояи устувори давлат ба ҳисоб мераванд. Онҳо идомадиҳандаи кору пайкори пешиниён, эҳёгару посдори суннату анъанаҳои гузашта ҳастанд. Маҳз ин табақаи аҳолӣ метавонанд сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро идома дода, устувориву пойдории миллату давлатро нигоҳ доранд. Нақши ҷавонон дар таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат, ҳимояву пешбарии манфиатҳои миллӣ ва рушду тараққиёти тамаддуни муосир муҳим ва бузург арзёбӣ мегардад.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат бештар намуд.
Пешвои муаззами миллат дар баромадҳои хеш қайд менамоянд, ки «Ҷавонон ояндасози давлату миллатанд». Воқеан дуруст аст, зеро ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст. Маҳз ҷавонони боистеъдод қудрат доранд, ки хазинаи илму фарҳанги миллати хешро ғанӣ гардонида, ҳамчун ҳалқаи мустаҳкам дар занҷири маърифат наслҳо хизмат намоянд.
Хулоса, бо истифода аз ин ҳама таваҷҷуҳ ва дастгириҳо мо бояд кӯшиш кунем, ки бо донишу интизоми намунавӣ барои пешбурди ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем ва боиси боварии насли калонсол гардем.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе