Тавре хабар дода будем, ҳайати кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазир Раҳмонзода А.А. аз санаи 1июн инҷониб дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади анҷом додани корҳои ташвиқотию таблиғотӣ, фаҳмондадиҳӣ, шиносоӣ бо вазъи иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва баргузор намудани чорабиниҳо ҷиҳати ба шуғл фаро гирифтани аҳолии вилоят қарор доранд. Ба ин ҳайат, инчунин сардорони Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Муродзода Д.Ҳ. ва муҳоҷират Каримзода Т., директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Баротзода Б. шомил буда, дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он аз фаъолияти сохторҳои вазорат дидан доранд.
Дар ин муддат дар маркази ВМКБ шаҳри Хоруғ ярмаркаи ҷойҳои корӣ холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардида, бо кормандони сохторҳои вазорат дар шаҳри Хоруғ – раёсатҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ВМКБ ва раёсатҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хоруғ, филиали МД “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”, филиали МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” мулоқот анҷом дода, ҷиҳати роҳандозии чорабиниҳои гуногун бо мақсади тақвияти фаъолият дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.
Сохторҳои вазорат дар шаҳри Хоруғ дар фазои тинҷию оромӣ фаъолият дошта, дар мулоқоти озод бо ҳайати кории вазорат доир ба ҳамкориҳо бо сохторҳои вилоятиву шаҳрӣ, ҷалби шаҳрвандон ба касбомӯзӣ, бокортаъминкунии онҳо, масъалаҳои марбут ба муносибатҳои менатӣ, сафарбаркунии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ изҳори андеша намуданд. Иштирокчиёни мулоқот ҷонибдории худро аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошта, омодагии худро баҳри пешгирӣ ва муқовимат ба ҳама гуна зуҳуроти номатлуб иброз намуданд ва пайи иҷрои масъулиятҳои худ ва созандагию ободкорӣ мебошанд.
Аз ҷониби масъулини Хадамоти назорат дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи алоҳидаи таблиғотию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ оид ба ҳуқуқу кафолатҳои меҳнатии шаҳрвандон ташкил карда шуд. Дар ин ҷода ба хоҳишмандону довталабон нусхаҳои шартномаҳои меҳнатӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба таъмини ҳуқуқу кафолатҳои меҳнатӣ, аз ҷумла пардохти музди меҳнат ва иловапулиҳои ноҳия дар баландкӯҳ, таъмини ҳифзи меҳнат, воситаҳои ҳифозати фардӣ ва коллективӣ, либоси махсус, ғизои профилактикӣ ва ғайраҳо дастрас карда шуда, телефонҳои боварӣ барои муроҷиати фаврӣ ҳангоми пайдо шудани қонуншиканиҳо дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳоли пешниҳод карда шуданд.
Сафари гурӯҳи кори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ ва ҳамкории зич бо ситоди байниидоравӣ ва мақомоти иҷроияи маҳалии давлатии ВМКБ, шаҳру ноҳияҳо сохторҳои марбутаи давлатӣ, ғайридавлатӣ ва фаъолони ҷамоатчигӣ идома дорад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират