Тоҷикон дар миёни халқу миллатҳои сершумори олам аз ҷумлаи мардумони соҳибтамаддуне мебошанд, ки забони чандинҳазорсоларо маҳфуз доштаанд.
Боиси ифтихор аст, ки мардуми хирадманду фарҳангдӯсти мо забони модарии хешро ҳамеша гиромӣ дошта, онро дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ, хотираи таърихӣ ва нангу номус ҳифз мекунанд.
Албата донистани забони давлатӣ, ки забони модарии мо маҳсуб меёбад, барои насли наврас ва ҳар як шаҳрванди кишвар вазифаи бузургеро мегузорад ва ифтихор аз фарҳанги баланди миллӣ, соҳибзабону соҳибдавлат буданро мемонад, зеро забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ аст.
Бузургдошти забони давлатӣ ин арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллат аст. Аз ин рӯ, Рӯзи забони давлатӣ ҳамчун Ҷашни умумимиллӣ ва рамзи худшиносиву худогоҳӣ дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навин ва ояндаи пурсаодати он пойдор ва ҷовидон хоҳад монд.
Забони давлатӣ мисли Модар-Ватан муқаддасоти миллӣ мебошад.
Дар ин асно, дар минтақаи истироҳатии «Гулобод» бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шуғл ва муҳоҷират» ва намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» мизи мудаввар зери унвони «Забони миллат- ҳастии миллат» таҳти Раёсати раиси Кумитаи иҷроия Қосимзода Маҳтоб Пир, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси ноҳияи Варзоб Хоҷазода Фарзона Ҳамдам ва намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳодова Сарвбону Алидодовна доир гардид, ки дар он собиқадорони ҳизб, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» иштирок намуданд.
Сараввал раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб Қосимзода Маҳтоб Пир чорабиниро оғоз намуда, иштирокчиёнии мизи мудавварро ба ифтихори Ҷашни бузурги миллӣ Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният намуданд.
Инчунин, изҳор доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо қайд намуда буданд, ки «Боиси ифтихор ва фараҳмандии зиёди мо – ворисони ин забон ва мероси бузурги бо он навишташуда аст, ки ин забон то ба имрӯз ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва корнамоиҳои беназири фарзандони фарзонаву барҷастаи миллати тоҷик – аз Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ ва устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то Бобоҷон Ғафурову устод Садриддин Айнӣ ба ҳамон шакли асилу ноб, бо ганҷинаи ғаниву рангини вожаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи дилнишину зебо боқӣ мондааст».
Сипас намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳодова Сарвбону Алидодовна оид ба «Нақши Истиқлолияти давлатӣ дар рушди забони миллӣ» баромад намуда, иброз доштанд, ки агар ҳазору сад сол муқаддам шоҳ Исмоили Сомонӣ дар устувор кардани пояҳои забони тоҷикӣ хидмати бузурге карда бошанд, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушду пойдорӣ ва фарогири ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи мо гардидани ин забон талош меварзанд. Ҳамагон шоҳиданд ва беҳтару хубтар медонанд, ки Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистаанд, ки ба таври зарурӣ аз забони тоҷикӣ ҳимоят бикунанд ва ба як гунае аз вартаи нобудӣ наҷот бидиҳанд.
Баъдан узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси ноҳияи Варзоб Хоҷазода Фарзона Ҳамдам оид ба «Забон-рукни асосии миллат ва давлат» баромад намуда, иброз андеша намуданд, ки забон ва таърихи халқ бо ҳам алоқаи ногусастанӣ доранд, бахусус таърихи қадимаи халқи мо аз рӯйи далелҳои забонӣ маънидод шудаанд. Чунончи забони тоҷикӣ василаи маҳфуз доштани мероси гаронбаҳои маънавии беш аз ҳазорсолаи халқи тоҷик мебошад. Ин забон дар таърихи тӯлонӣ дар муборизаҳо бо аҷнабиён ҳамеша муттаҳидгари халқи тоҷик буд ва дар он ҳофизаи халқ, ҷаҳони маънавӣ, меъёрҳои ахлоқии халқи тоҷик нигоҳ дошта шудааст.
Бо ҳамин тартиб аз рӯи дигар масъалаҳо баромад намуданд:
_ сармуҳаррири ҳафтаномаи «Варзоб» Маҷнуни Карим шеърҳо дар васфи забони модарӣ қироат намуданд.
_ дирктори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Варзоб Шарипов Ҷаҳонгир оид ба «Забони модариям- ифтихорам»;
_ дирктори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Варзоб Мирзоева Мавлуда оид ба «Забони тоҷикӣ- пайвандгари дилҳо».
Ҳамчунин, хотиррасон менамоем, ки дар мизи мудаввар иштирокчиён ба музокира баромаданд.
Хулоса, пояи забони модарӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашта, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворӣ бахшида, такягоҳ аст.
Дар охир ба як қатор роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои фаъолияти назаррас ва баланд бардоштани нуфуз ва мавқеъи ҳизб дар ҷомеъа бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб қадршиносӣ гардидаанд.
Орифҷон Олимзода,
Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шуғл ва муҳоҷират”
дар ноҳияи Варзоб