16.10.20 Муҳоҷирони меҳнатӣ ихтиёран ба хизмат рафтанд

[:tj] 

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вилояти Хатлон 16 нафар муҳоҷирони меҳнатие, ки ба ватан баргаштанд ихтиёран барои иҷрои уҳдадориҳои ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои мусалаҳи кишвар ба хизмат рафатанд.

Ин ҷавонон қаблан бо дастгирии бахши Хадамоти муҳоҷират ва Агентии шуғли аҳолӣ дар ноҳия ба курсҳои кутоҳмудати касбомӯзи фаро гирифта шуда буданд.

Бояд гуфт, ки онҳо курсҳои кутоҳмудати кафшергарии барқӣ ва устои барқ ҷалб шуда онро бо мувафақият хатм карданд. Дар рӯзи гусели онҳо дар комисариати ҳарбии ноҳия бо иштироки роҳбарони ноҳия шаҳодатномаҳои хатми курсҳо дар як фазои тантанавӣ супурда шуд.

Роҳбарияти ноҳия, роҳбарони ташкилоту идораҳои ноҳиявӣ ва волидайни даъватшавандаҳо, ки дар ин маросими тантанавии гусели даъватшавандаҳо иштирок доштанд аз иқдоми пешгирифтаи ин ҷавонони ватандӯст изҳори хушҳолӣ намуда ба онҳо дар иҷрои қарзи модар – ватан бурдборӣ таммано карданд.

Гуфта шуд, ки иқдоми ин ҷавонон бояд барои дигар ҷавонон мояи ифтихору ибрат гардад.

 

                                                                       Ҳакимбек Қурбонов

                                                                             [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо