300 ҳазор нусха маводҳои иттилоотӣ барои шаҳрвандон

[:tj] 

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии ташкилоти байналмилалии «Ҳайати шавқат» ҷиҳати пешгирӣ ва муқ

овимат ба коррупсия, роҳҳои пешгирии сироятии ВНМО/БНММ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ баъди бозгашт ба ватан, роҳнамо дар бораи будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар ФР, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) бо теъдоди 300 ҳазор нусха маводҳои иттилоотӣ аз чоп баровард.

Бояд қайд кард, ки ин теъдод маводҳо алакай ба сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷират дастрас гардида, ба таври ройгон ба муроҷиаткунандагон – сокинони мамлакат тақсим карда шуда истодааст.

Боварии комил дорем, ки ин теъдод маводҳои иттилоотӣ ба манфиати кор хоҳад буд.

                                                               

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо