[:tj]Тибқи мушоҳидаҳо соли равон дар миқёси вилояти Суғд дар муқоиса бо сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Россия раванди бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо дар хориҷа сусттар ҷараён дорад. Дар самти мазкур асосан ҶДММ «Мирзова К» корбарӣ намуда истодааст.
Ёдовар мешавем, ки ширкати мазкур чандин сол боз ба ин намуди фаъолият машғул мебошад, бо кишоварзони ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ ва Зафаробод ҳамкории густурда дорад. Муҳоҷирони меҳнатиро асосан дар вилояти Волгогради Федератсияи Россия бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин менамояд.
21 маӣ ҶДММ «Мирзова К» рўйхати як гурўҳи 49-нафараи муҳоҷирони меҳнатиро бо Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд мувофиқа намуд, ки 27 май ба Федератсияи Россия сафарбар мешаванд. Онҳо сокинони ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен буда, тибқи шартнома наздик ба як сол бо корҳои мавсимӣ таъмин карда мешаванд. Маблағи роҳкиро, расмикунонии ҳуҷҷатҳо, гузаронидан аз назорати тиббӣ, суғуртакунонӣ, гирифтани корти иҷозат ба кор ва дигар пардохтҳо аз ҳисоби ширкат буда, ҳамзамон муҳоҷиронро дар самтҳои таъминот бо ҷойи зист, сарулибоси махсуси корӣ ва хўроки гарм дастгирӣ менамояд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд[:]