[:tj]
Ҷаҳони муосир дар раванди бо сурати кайҳонӣ рӯй ба майлон дорад,ки ин тараққиёт ба ғайр аз пешравиҳо дар натиҷаи сиёсатҳои геополитикии давлатҳои абарқудрат ва ниҳодҳои сармоядор баъзе фаъолиятҳо ва амалҳоеро барои башарияти ҷаҳонӣ ба бор овардааст, ки ба зарари тамоми инсоният мебошад, ки бо нақшаҳои пасипардагии гурӯҳе аз табиӣ ё ки давлатҳои абарқудрат ба миён омадааст, ки ба тамоми аҳли сайёраи замин зарарҳои моддӣ ва маънавии бузургеро ба бор овардааст.
Воқеаҳои даҳсолаҳои охири асри навин ва даҳяки охири асри гузашта, ки даҳшат афканӣ ва куштору ҳалокати ҳазорон одамони бегуҳноро дар баъзе қисматҳои ҷаҳон ба вуҷуд овард, роҳбарияти олии кишварҳои тоза истиқлолро ба андешае водор намудааст, ки барои дифоъ аз ҳаёти шаҳрвандони худ дар дохилу хориҷӣ мамлакат бо таъсиси ниҳодҳо ва барномаҳои махсус аз зиндагӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони давлати худ ҳимоя намоянд.
Ҳайати кормандони “Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнати”дар ВМКБ кори худро дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда ба пешравиҳои назаррасе дар роҳи пешрафт кумак ба шаҳравандоне, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд ноил гардидаанд.
Ҳайати кормандони муассисаи давлатии “Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнати” дар ВМКБ дар ноҳияи Ишкошим дар соли 2018 бо ҳамкории мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия ва шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия буда, дар иҷрои барномаи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва тероризм барои солҳои 2016 -2020”корҳои назаррасеро ба анҷом расониданд.
Дар соли 2018 мутахассиси муассисисаи давлатии “Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнати” дар ВМКБ оид ба иҷрои барномаи давлатии “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва тероризм барои солҳои 2016 -2020” дар ҷамоатҳои ба номи Аскар Замиров, Қозидеҳ, Рустамбек Ёсуфбеков, Шитхарв Птуп, Мамадаюбхон Самадов ва Зонг беш аз 80 маротиба вохӯриҳо гузаронида ба аҳолӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ ки асосан дар Федератсияи Россия кору фаъолият доранд дар бораи зарарҳои ҷубронопазирии тероризм ва экстремизм суҳбату мулоқотҳоро анҷом доданд. Боиси хурсандист, ки то ба ҳоло сокинони ноҳияи Ишкошим ки аҳолии зиёда аз 34 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд ва қариб, ки 4500 ҳазор нафар аҳолии ин ноҳия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ягон нафар аз сокинони ин ноҳия дар ягон гурӯҳҳои ифродгарову экстремистӣ ва терористӣ аъзо намебошанд ва ин ва дигар фитрати баланди инсондӯстонаи аҳолии ноҳияи Ишкошим аст, ки сокинони он ҳамеша мавриди эҳтироми шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Бояд зикр кард, ки мутахассиси муассисисаи давлатии “Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муоҷирони меҳнатӣ” дар ВМКБ, ки ҳамзамон муовини раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ доир ба ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар якҷоягӣ бо нозирони минтақавии ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошим дар 45-муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми ноҳия ва сокинони деҳаҳои ноҳия вохӯриву суҳбатҳо доир намуда, ба шаҳрвандон дар бораи огоҳии сиёсӣ, ваъзи мураккаби Афғонистони ҳамсоя кишвари мо ва пойдории сулҳу субботи кишварамон сӯҳбату муколамаҳо намуданд.
Бо назардошти оне, ки ҳудуди ноҳияи Ишкошим бо Ҷумњурии Исломии Афғонистон қариб, ки зиёда аз 400 км сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад аз ин лиҳоз, кормандони муассисисаи давлатии “Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнати” дар ВМКБ дар ноҳияи Ишкошим бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ташкилотҳои байналхалқӣ ва барномаҳои тандурустиву сохтумоние ки ба воситаи купруки болооби дарёи Панҷ ба сӯи Афғонистон мегузарад мунтазам суҳбату вохӯриҳо намуда ба онҳо дар бораи ҳӯшёриву зиракӣ намудан қабл аз вуқӯи нооромиҳо, эҳтимолияти ногаҳонии амалиётҳои терористӣ дар маҳалҳои кору фаъолиятҳои онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва муроҷиати ҳатмии шаҳрвандони мо аз вазиятҳои ногаҳонӣ ба намояндагиҳои дипломатии давлати мо дар ҶИА маслиҳату машваратҳоро ташкил намудаанд.
Фитрати баланди муҳоҷирони меҳнатии зодагони ноҳияи Ишкошим аз фарҳанги баланди аҷдодони шарафманди миллатӣ куҳандбунёди мо ва самараи зањматҳои сиёсатӣ хирадмандонаи Пешвои муаззами миллати мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ниҳодҳои зерамалкунадаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикситон ба мисоли Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи мазкур мебошад.
Умедворем ки таҷрибаи хуби кории ниҳоди қобили қабули Хадамоти муҳоҷирати ноҳияҳои дигари мамлакатамон гардад.
Ш.Малкабозов
мутахассиси МД “Маркази машваратӣ ва омодагии
пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ВМКБ” [:]