[:tj]Ҳамватанони бурунмарзӣ ва фаъолияти самарабахши онҳо
27-августи соли равон дар маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷират бо иштироки тамоми кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират, “Маркази машваратӣ ва омодасозии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” ва раёсати Хадамот дар шаҳри Душанбе дарси омӯзишӣ дар мавзӯи “Ҳамватанони бурунмарзӣ ва фаъолияти самарабахши онҳо” баргузор гардид.
Сараввал корманди шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзӣ Нурулло Ғафуриён оид ба мафҳуми “диаспора”, шумораи диаспораҳои тоҷик дар хориҷи кишвар, хусусиятҳои ташаккулёбии диаспораҳои тоҷик, аҳамияти онҳо дар рушду нумӯи мамлакат, мушкилоти ҷойдошта дар барқарорсозии муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва таҷрибаи давлатҳои пешқадам дар ин самт маълумоти кофӣ дода, қайд кард, ки ҳангоми мустаҳкам гардидани муносибатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ки узви ҷудонашавандаи Тоҷикистон маҳсуб меёбанд, аксар мушкилоти ҷомеа роҳи ҳали худро хоҳанд ёфт. Дар хатми баромад ӯ пешниҳодоти худро перомуни беҳтар сохтани робитаҳо ва ҷалби ҳарчӣ бештари ҳамватанон барои ободкорию созандагии Ватан иброз кард, ки аз ҷониби иштирокчиён хуб арзёбӣ гардид.
Сипас филми ҳуҷҷатӣ дар бораи фаъолияти пурсамари ҳамватанон, ки муқимони Федератсияи Россия мебошанд, намоиш дода шуд. Тамоми иштирокчиён ба фаъолияти ҷамъиятҳои тоҷикон дар шаҳрҳои Новокузнетск, Новосибирск, Қазон, Благовешенск, кишвари Хабаровск ва шаҳри Москва аҳсан хонданд. Дар ҳақиқат мушоҳида гардид, ки меҳанпарастӣ дар кори ин ҷамъиятҳо дар мадди аввал меистад.
Дар қисамти охири дарс сухан ба намонядаи ВАО дар Федератсия Россия Садбарги Боқӣ дода шуд. Ӯ низ аз шердилию матонати ҳамватанонамон, аз қабили Раҳимҷон Бобоҷонов, Сияршо Абдуҷабборов, Шавқат Тоҳиров ва дигарон ёдовар шуда, таъкид сохтанд, ки чораҳои ҳавасмандкунии ҳамватанони бурунмарзиамон бояд бештар гарданд.
Дар фарҷом иштирокчиён ба маърузачиён саволҳои худро пешниҳод карданд ва ҷавобҳои қонеъкунанда дарёфтанд.
Нурулло ҒАФУРИЁН
мутахассиси шуъбаи муносибатҳои
байналмилалӣ, робита бо ҷомеа
ва ҳамватанони бурунмарзӣ[:]