Семинарҳои омўзишӣ дар Ванҷ

[:tj] 

Тибқи барномаи таҳиягардида бо дастгирии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Ванҷ дар мавзӯъи “Расонидани кӯмаки равонӣ барои муҳоҷирони меҳнатии бозгашташуда” семинарҳои омўзишӣ аз ҷониби бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ванҷ баргузор гашта истодаанд. Чунин семинарҳои омўзишӣ аллакай дар шаш маҳаллаҳои аҳолинишини ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи Маҳмадулло Абдуллоев бо фарогирии 62- нафар муҳоҷири меҳнатии аз Федератсияи Россия, Қазоқистон ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба диёр баргашта, баргузор карда шуданд.

Натиҷаи аз ҳама муҳими ин чорабиниҳои омўзишии баргузоргардида он буд, ки зиёда аз 20 – нафар ҷавонони аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба зодгоҳашон баргашта, бо кӯмаки шарикони хориҷии рушд ба таври ройгон дар Маркази таълими калонсолони ноҳия касбу ҳунари дилхоҳашонро омўхтанд.

Ҳамин гуна семинарҳои омўзишӣ бо муҳоҷирони меҳнатии бозгашта ба зодгоҳашон дар соли 2020 дар маркази ноҳия, шаҳраки Рохарв ва Ҷамоатҳои деҳоти Водхуд ва Язгулом низ аз рӯи нақша баргузор мегарданд. Ба ниёзмандон аз ҷониби кормандони бахши Хадамоти муҳоҷирати ноҳияи Ванҷ кӯмаки равонии зарурӣ расонида, онҳо дар Маркази таълими калонсолони ноҳия касбу ҳунар низ меомӯзанд.

                                                                                  Бахши Хадамоти муҳоҷират 

                                                                                                    дар ноҳияи Ванҷ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо