[:tj]
Дар асоси нақшаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҳисоботии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо доир гардид, ки дар он ба ҳайси намоянда аз Хадамоти муҳоҷират муовини сардори Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Хадамоти муҳоҷират Хайриддин Маҳмадуллозода, сарвари филиалии Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа Зуҳро Юсупова, иҷрокунандаи вазифаи директори Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Хуҷанд” Умеда Ҳошимова, кормандони дастгоҳи Раёсат, сардорони шуъба ва мудирони бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо, Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан, ҳамчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Дар рафти маҷлиси ҳисоботӣ имрўза ду масъала: натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Раёсат ва сохторҳои зертобеи он дар давоми соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020 ва натиҷаҳои санҷиши фаъолияти сохторҳои зертобеъ дар шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣқарор гирифт.
Ба чорабинӣ сардори Раёсат Зайнура Шарифӣ ҳусни оғоз бахшида, баъди муаррифии меҳмонон аз ҷумла чунин гуфт:
-Мо фаъолияти солонаамонро дар чунин муҳит ва шароите ҷамъбаст менамоем, ки ҳанўз аҳли ҷомеа таҳти таассуроти баланд аз пешниҳод гардидани Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.Аҳли ҷомеаи меҳнатии дастгоҳи Раёсат ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳам ин ҳуҷҷати сарнавиштсозро ба ҳайси дастури амал ва роҳнамо барои имсол ва солҳои минбаъда қабул намуда, айни замон дар самти иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат кўшиш ба харҷ дода истодаанд.
Бурду бохт ва пешравию камбудиҳои фаъолиятамон дар соли ҳисоботии 2019 ба ҳамаи мо маълум аст. Ҳар комёбию муваффақияте, ки дар ин давра доштем, барои дастовардҳои минбаъдаамон замина мешаванд. Камбудию норасоиҳоро бошад, саривақт ислоҳ намудан лозим аст.
Бо назардошти ин, оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти солона ҳисоботи фишурда ва мухтасар аз ҷониби мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Раёсат Ҳусейнҷон Зоидов ба самъи аҳли толор расонида шуд. Дар маърўзаи ҳисоботӣ махссус таъкид гардид, ки дар соли сипаришуда низ Раёсат ва сохторҳои зертобеи он мунтазам аз дастгирии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷират ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳравар буданд ва аз ин боис сипосгузор мебошанд.
Дар рафти музокира оид ба масъалаи якуми рўзномаи маҷлис сардори Раёсат Зайнура Шарифӣ аз сардорони шуъба ва бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои Исфара Мустақим Ахмедов, Панҷакент Абурайҳон Абдушаҳидов, Деваштич Санавбар Баҳодурова, Зафаробод Илҳом Турсунов, Айнӣ Баҳрулло Ғайбуллоев, Кўҳистони Мастчоҳ Маҳмадносир Ниёзов, Спитамен Баҳром Ўрунбоев пурсиш ба амал овард. Саволҳои додашуда бештар ба самти танзими раванди муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ дахл доштанд.
Дар идомаи маҷлис иттилоъ дода шуд, ки дар давоми нимсолаи дуюми соли ҳисоботӣ гурўҳҳои кории Раёсат фаъолияти сохторҳои зертобеъро дар аксари шаҳру навоҳии вилоят мавриди санҷиш қарор доданд. Санҷишҳо аз рўи саволномаи тасдиқнамудаи роҳбарият гузаронида шуда, тамоми самтҳои фаъолиятро дар бар гирифтанд. Мақсад аз роҳандозии амали мазкур ошкор намудани камбудию норасоиҳо ва мусоидат ба ислоҳи онҳо, ҳамчунин расонидани кўмаки амалию методӣба сохторҳои зертобеъ буд.
Оид ба натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсат Диловар Муродов ба таври муфассал гузориш дод. Вобаста ба масъалаи дуюми рўзномаи маҷлис зимни муҳокима ба пурсишҳои сардори Раёсат сардорони шуъба ва мудирони бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон Фирўз Ҳодиев, Истаравшан Ҳабиб Дўстмуҳаммадзода, Панҷакент Абурайҳон Абдушаҳидов, Бобоҷон Ғафуров Умед Азизӣ, Мастчоҳ Маҳадбоқӣ Қурбонов, Ашт Нодира Назарова, Спитамен Баҳром ўрунбоев, Ҷаббор Расулов Олимҷон Узоқов посух доданд.
Аз ҷониби сардори Раёсат вобаста ба ислоҳи камбудиҳо ва тақвият бахшидани фаъолият дар ҳамаи самтҳо ба масъулин супориши қатъӣ дода, муҳлат муайян карда шуд.
Оид ба танзими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди вилоят мутахассиси пешбари шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсат Фаррух Самадов ва фаъолияти бахши Хадамоти муҳоҷират дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан мудири бахши мазкур Алишер Хидиров ҳисобот дода, сарвари филиалии Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа Зуҳро Юсупова ҷойҳои холии кор дар шаҳри Анталияи Туркия ва вилояти Калинингради Федератсияи Русияро аз рўи созишномаҳои басташуда муаррифӣ намуд. Иҷрокунандаи вазифаи директори Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Хуҷанд” Умеда Ҳошимова бошад, зимни суханронии кўтоҳ Раёсат ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳоро ба боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти ташкили чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ даъват кард.
Муовини сардори Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Хадамоти муҳоҷират Хайриддин Маҳмадуллозода оид ба натиҷаҳои сафари хизматии худ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят маълумот дода, дар рафти баёни андеша вазъи муҳоҷирати дохилию экологиро ноҳия ба ноҳия мавриди таҳлили амиқ ва баррасии васеъ қарор дод. Таъкид намуд, ки самти мазкур яке аз самтҳои мураккабтарин дар фаъолияти сохторҳои зертобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Бо вуҷуди ҳамасола ба анҷом расидани корҳои муайян ҳанўз дар шаҳру навоҳии интиқолдиҳандаву қабулкунандаи муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ мушкилоту муаммои ҳалталаб зиёд аст. Мутаассифона, як қисми онҳо маҳз бо ҷурми масъулин дар мавриди муайяннамоӣ ва барўйхатгирии шаҳрвандон ҳамчун муҳоҷири дохилӣ ё экологӣ пайдо шуда, бо гузашти вақти муайян бештар шудаанд. Аз ҷумла, камбудиҳои ҷиддӣ дар самти қабул намудани қарори дахлдори раисони шаҳру навоҳӣ оид ба вобастакунии замин, ҷудову тақсим кардани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, додани сертификат оид ба ҳуқуқи истифодаи замин, дастрас намудани қарзҳои имтиёзнок, оғози корҳои сохтмонӣ, ба вуҷуд овардани инфрасохтор, баргардонидани қарзҳои муҳлаташон баохиррасида, дар умум ба макони нав кўчидани муҳоҷирони дохилию экологӣсол ба сол такрор шуда меоянд.
Дастуру маслиҳатҳои судманди Хайриддин Мусо ба беҳтарнамоии вазъияти ҷойдошта ва аз байн бурдани муаммою мушкилоти ҷойдошта нигаронида шуда буданд. Мавсуф аз аҳли толор даъват ба амал овард, ки дар ин самт фаъолияташонро ҷоннок намуда, ҳамкории босамарро бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба роҳ монанд. Махсусан ба масъалаи тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони дохиливу экологӣ эътибор дода, зимни таҳияи рўйхати шаҳрвандони кўчонидашаванда ҳар нафари онҳо, ҳамчунин мавзеи барои кўчонидани аҳолӣ пешбинишударо ҳамаҷониба омўзанд.
Бо ёдоварӣ аз байти:
Ҳар куҷое назму тартиб пойдор,
Зиндагию кор мегирад барор.
Дар фуроварди суханрониаш Хайриддин Маҳмадуллозода аҳли толорро ба ташаббускорию масъулиятшиносӣ ва иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматӣ даъват намуд.
Қабл аз ҷамъбасти маҷлис дар вазъияти тантанавӣ собиқ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Мастчоҳ Раҳмат Қурбонов, хабарнигори рўзномаи “Шуғл ва муҳоҷират” дар вилояти Суғд Мардон Қурбонов бо Ифтихорнома, мудирони бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истиқлол Фахриддин Ойматов ва ноҳияи Шаҳристон Анварбек Ғозиев бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Раёсат қадршиносӣ шуданд.
Маҷлиси ҳисоботиро сардори Раёсат Зайнура Шарифӣ ҷамъбаст намуд.
Мардон ҚУРБОНОВ
[:]