548 НАФАР БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН ШУД

Яке аз ҳадафҳои сиёсати Ҳукумати мамлакат ин бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони бекор, паст намудани шиддати бекорӣ ва ба шуғл фаро гирифтани сокинони кишвар, аз ҷумла ҷавонон мебошад. Натиҷаи татбиқи барномаҳои давлатӣ гувоҳ аз он медиҳанд, ки имрӯз вазъи иҷтимоию иқтисодии қишрҳои ниёзманд дар кишвар сол аз сол хубтару беҳтар гардида истодааст.

Кормандони шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Восеъ бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоикистон дар бораи «Мусоидат ба шуғли аҳолӣ», дар шаш моҳи соли ҷорӣ як қатор корҳои муайянеро ба сомон расониданд. Аз ҷумла, дар шаш моҳ ба шуъбаи агентии ноҳия дар маҷмӯъ 1426 нафар шаҳрванд муроҷиат намуд, ки аз ин 582 нафар зан ва 598 нафар ҷавон мебошанд.

Аз теъдоди муроҷиаткунандагон 940 нафар ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, ба 604 нафари дигар мақоми бекорӣ дода шуд.

Тавассути татбиқи барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар ин давра 548 нафар шаҳрванди ноҳия бо ҷойи кор таъмин шуд, ки аз ин шумора 322 нафарашро зан ташкил медиҳад.

Қайд бояд кард, ки дар ҳафт ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ, ки шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Восеъ дар ҳамкорӣ бо 16 идораю ташкилотҳои буҷетӣ, корхонаю муассиса ва соҳибкорон гузаронид, 81 нафар корҷӯ соҳиби ҷойи кор гардиданд.

Дар ноҳия ба иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ диққати аввалиндараҷа дода мешавад. Дар ин давра бо мусоидати шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия 338 нафар зани хонанишин ба омӯзиши ҳунарҳои мардумии корҳои хонагӣ ҷалб гардида, ҳамчунин 50 нафар бо роҳхати шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо кор таъмин шуд, ки аз ин 10 нафар зан ва 40 нафар ҷавон мебошанд.

Ба 149 нафар, аз ҷумла аскарони аз сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргашта ва шахсони аз маҳбас озодшуда, кумакпулӣ барои бекорӣ таъин гардид, ки 99,3 фоизи иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад. Инчунин, ба 29 нафар шаҳрванд барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ кумаки молиявӣ дода шуд, ки онҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия фаъолият доранд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо