БАРНОМАИ ҲАМКОРӢ БАЙНИ ШАРИКОНИ СЕТАРАФАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ТАШКИЛОТИ БАЙНАЛХАЛҚИИ МЕҲНАТ ОИД БА МЕҲНАТИ АРЗАНДА БАИМЗО РАСИД

[:ru] 

 [:tj] 

15 сентбяри соли 2020 маросими баимзорасонии Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2020 – 2024, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020, №430 маъқул дониста шудааст, баргузор гардид. Дар он  вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Файзизода И., раиси Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон Шарипов А., намояндаи директори Бюрои минтақавии Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Кулаева О. ва ҳамоҳангсози миллии Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат дар Тоҷикистон  Аминов С. ширкат варзиданд.

Бояд қайд намуд, ки Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат оид ба меҳнати арзанда бо назардошти афзалиятҳои миллӣ дар натиҷаи муколамаи машваратӣ байни шарикони иҷтимоӣ (Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар якҷоягӣ ва бо иштироки фаъолонаи Бюрои Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ таҳия шудааст.

Зимни баимзорасонии Барномаи мазкур  вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода қайд намуданд, ки шурӯъ аз соли 2002 инҷониб ин панҷумин барномаи ҳамкорӣ оид ба меҳнати арзанда мебошад, ки дар заминаи он бо Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат кори муштарак ба роҳ монда мешавад. Таҳлил ва баҳогузории натиҷаҳои фаъолияти якҷояи шарикони сетарафа дар Тоҷикистон ва Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат дар тӯли панҷ соли охир имконият дод, ки муваффақиятҳои бадастовардаи ҳукумат ва шарикони иҷтимоӣ дар самти меҳнати арзанда арзёбӣ гарданд.

Тавассути роҳандозии ҳамкориҳо неруи мутахассисони соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии ҷумҳурӣ дар самтҳои таҳия ва татбиқи сиёсати шуғл баланд бардошта шуда, ба масъалаҳои ҷамъоварӣ, коркард, таҳлил ва паҳн намудани маълумот дар бораи бозори меҳнат, ҷорӣ намудани роҳҳои самараноки ҷамъоварии маълумот ва такмил додани сиёсати рушди малакаҳои касбӣ, муайян намудани дурнамои минбаъда ба қувваҳои корӣ, дар бахши иқтисоди ғайрирасмӣ ва ҷиҳати барасмиятдарории он, дар масъалаҳои ислоҳоти сиёсати соҳаи музди меҳнат ва меъёрҳои меҳнат аз нигоҳи нав бархӯрд шудааст.

Афзалиятҳои Барномаи нав аз мусоидат ба рушди иқтисодӣ бо роҳи таъсиси ҷойи кори арзанда ва тақвияти иқтидори институтҳои бозори меҳнат, беҳтар кардани шароити меҳнат ва васеъ кардани ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандон, тақвияти иқтидори шарикони сетарафа, иниститутҳои муколамаи иҷтимоӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҳалталаб дар соҳаи меҳнат иборат мебошанд, ки тӯли солҳои 2020 – 2024 амалӣ гардида, барои расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар мусоидат менамоянд.

                                                   Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли

                                                                 аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо