24 июни соли равон Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ бо роҳбари мушовирони Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ҷаноби Ҷеймс Ҷессомин ва роҳбари лоиҳаи Рушди сайёҳӣ ҷаноби Незиҳ Исчи мулоқот намуд.
Вохӯрии мазкур бо мақсади баррасии масъалаҳои омори кормандон дар соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, барномаҳои ҷории афзоиши шуғл дар ин соҳа, пешбинии шуғл дар соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ дар панҷ соли оянда, барномаҳои рушди ҳунармандӣ ва сайёҳӣ дар чаҳорчубаи стартегияи давлатии соҳа, низом ва ҳолати такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ сурат гирифт.
Зимни мулоқот Ширин Амонзода диққати ҳозиринро ба зиёд гаштани шумораи ҷойҳои нави корӣ ва тағйир ёфтани талабот дар бозори меҳнат дар натиҷаи рушди соҳаи сайёҳии кишвар ҷалб намуда, қайд кард, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат ин соҳа рӯ ба тараққиёти ҷиддӣ оварда, боз ҳам натиҷаи дилхоҳ дар сурати ба роҳ мондани ҳамкории қавӣ байни ҳамаи сохторҳои дахлдор ба даст хоҳад омад.
Инчунин, ҷаноби Незиҳ Исчи масъалагузорӣ намуд, ки барои рушд додани саёҳӣ бозори меҳнат ба мутахассисони варзида дар соҳаҳои хизматрасонӣ ниёз дорад. Дар робита ба ин, Ширин Амонзода қайд намуд, ки дар сохтори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, Маркази таълими калонсолон ва марказҳои ҳунармандӣ фаъолият доранд, ки бо истифода аз ин имконият метавон омӯзиши ихтисосҳои сайёҳиро ба роҳ монд. Дар сурати муваффақ шудан ва ҷалби бештари сайёҳон метавон ихтисосҳои нав ҷорӣ кард ва теъдоди курсҳои омӯзиширо бештар намуд.
Мавриди қайд аст, ки лоиҳаи Рушди сайёҳӣ аз моҳи марти соли 2020 то декабри соли 2023 татбиқ карда шуда, аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд маблағгузорӣ мешавад.
Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии худро барои амалӣ намудани ҳадафҳо ва рушди ҳамкориҳо иброз намуданд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли
аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон