Кафолат: расман худро ба қайд бигир

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки тибқи фармони Президенти Федератсияи Россия аз санаи 15 июни соли 2021, №364 муҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия то 30 сентябри соли 2021 тамдид карда шуда, шаҳрвандони хориҷӣ, ки то санаи 15 июн натавонистанд будубоши худро қонунӣ гардонанд, метавонанд то санаи 30 сентябри соли ҷорӣ ба шуъбаҳои муҳоҷиратии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар шаҳру вилоятҳо муроҷиат намуда, мақоми ҳуқуқии худро ба мақсади фаъолияти меҳнатӣ қонунӣ гардонанд.

Вобаста ба ин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айниҳол дар Федератсияи Россия қарор доранд, вале бинобар сабаби хуруҷи пандемия ва бемориҳои сироятӣ натавонистанд расман худро ба қайд бигиранд, имкон доранд, ки барои расмикунонии будубош дар кишвари иқомат ба шуъбаҳои муҳоҷиратии наздики маҳали зисти худ муроҷиат намоянд.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи фармони мазкур барои шаҳрвандоне, ки пеш аз пандемия дар Федератсияи Россия қарор доштанду худро расман ба қайд нагирифта буданд онҳо низ метавонанд ба шуъбаи муҳоҷиратӣ барои расмикунонии будубош муроҷиат намуда, расман худро ба қайд бигиранд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи фармони Президенти Федератсияи Россия шаҳрвандони хориҷие, ки дар ин давра ба шӯъбаҳои муҳоҷиратӣ муроҷиат менамоянд нисбати онҳо ягон маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба ихроҷи маъмурии маҷбурӣ тавассути Марказҳои нигаҳдорӣ ва берункунии мустақилонаи назоратӣ аз қаламрави Федератсияи Россия амалӣ карда намешавад. Яъне шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки солиёни дароз худро расман ба қайди муҳоҷиратӣ нагирифтаанд, метавонанд аз имконияти мазкур истифода намуда, барои расман фаъолияти меҳнатӣ намудан иҷозатномаи корӣ (патент) таҳия намуда, будубоши худро қонунӣ гардонида, зимни фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо бастани шартномаи меҳнатиро фаромуш насозед.

Шартномаи меҳнатӣ миёни коргар ва корфаро ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои коргарон ва танзими муносибатҳои меҳнатӣ мусоидат намуда, барои пардохти саривақтии музди меҳнати шумо кафолат медиҳад.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо вобаста ба фаъолияти меҳнатӣ, мушкилоти мавҷуда дар самти фаъолият, таҳияи дурусти ҳуҷҷатҳо дар қаламрави Федератсияи Россия, расмикунонии будубош, пардохти музди маош, дарёфти ҷойи кори муносиб бо рақамҳои зерин дар тамос шавед.

  1. ш. Москва: +7(495)9679844, +7(926)4626201, +7(903)1496000, +7(926)8769049, +7(910)4436335, +7(977)4878964, +7(967)2710202;
  2. ш. Санкт-Петербург: +7 (964) 373 75 01;
  3. ш. Екатеринбург: +7 (982) 739 8998;
  4. ш. Новосибирск: +7(965)3586161;
  5. ш. Уфа: +7 (915) 4883223;
  6. ш. Краснодар: +7(929)540 88 88;
  7. ш. Астрахан: +7(977)2720001;
  8. ш. Хабаровск: +7 (909)809 5548;
    E-mail:predmintruda@gmail.com, www.tajmigration.ru

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират
ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо