Рӯзи 10 июли соли равон вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии вазорат дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон дидан намуда, ба масъулини корҳои сохтмонӣ барои суръат бахшидани корҳо ва дар муҳлати муқаррашуда бо сифати баланд ба истифода супоридани бино дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди кору фаъолият ба кормандони сохторҳои маҳаллӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳо ба аҳолӣ пайваста талош намуда, ҳамасола биноҳои маъмурии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ ва дорои шароиту имконоти васеъро бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад.
Соли равон ба истифода супоридани биноҳои маъмурии вазорат дар шаҳри Панҷакент, ноҳияи Дӯстӣ ва Шуғнон ба нақша гирифта шудааст, ки дар ин иншоотҳо шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират ва филиалҳои Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ҷойгир карда мешаванд.
Айни замон корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, сифати корҳои сохтмонӣ ва ба талабот ҷавобгӯ будани онҳо зери назорати қатъии роҳбарияти вазорат қарор дорад.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли
аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон