Натиҷагирии фаъолияти нимсолаи вазорат

12 июли соли 2021 ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ ва иштироки мушовири Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кадрҳо Меҳрӣ Олимшо баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур натиҷаҳои фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои давоми соли 2021 баррасӣ гардиданд.

Вобаста ба он маърӯзаи ҳисоботии муовини якуми вазир Раҳмонзода А.А. «Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2021» шунида шуд.

Зикр карда шуд, ки фаъолияти вазорат дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои протоколии маҷлисҳои Раёсат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти барномаҳои стратегии мамлакат ва Ҳадафҳои рушди миллӣ роҳандозӣ гардида, дар ин замина ба як зумра натиҷаҳо ноил гардид.

Зимни муҳокимаи масъала раиси маҷлис Амонзода Ш.Ш. ба масъалаҳои пардохти саривақтии музди меҳнат, пешгирии ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ, ҳифзи меҳнат, барҳамхӯрии ҷойҳои корӣ, бакортаъминкунии хатмкунандагони курсҳои кӯтоҳмуддат, маблағгузории чорабиниҳои фаъоли самти шуғли аҳолӣ, барасмиятдарории будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия, натиҷаи фаъолияти Марказҳои омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳалли мушкилоти муҳоҷирати экологӣ ва дохилӣ шурӯъ аз ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ, таъмини инфрасохтори зарурӣ, баратараф намудани камбудиҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, дар муҳлатҳои муқарраршуда сохта ба истифода додани иншооти ҷашнӣ, зарурати тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тақвияти фаъолият ҷиҳати паст намудани таъсири бемории COVID-19 ба соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, иҷрои барномаҳои соҳавӣ, мувофиқасозии лоиҳаҳои созишномаҳои байналмилалии дуҷониба таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд.

Раиси маҷлис доир ба вазъи кунунии соҳаҳои вазорат ва мушкилоти ҷойдошта аз масъулин пурсиш намуда, барои тақвияти фаъолият ва ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гаштан то охири соли равон дастуру супоришҳо дод.

Дар кори ҷаласа, ҳамчунин муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳо дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои таркибӣ, муовинони раисони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи кордиҳандагони Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Инчунин, роҳбари Намояндагии вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират, сардорони раёсатҳо дар вилоятҳо тариқи маҷозӣ дар кори ҷаласа иштирок ва доир ба натиҷаи фаъолияти сохторҳои марбута дар нимсолаи якуми соли 2021 ҳисобот доданд.

Мушовири Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Меҳрӣ Олимшо зимни суханронӣ фаъолияти вазоратро дар нимсолаи якуми соли 2021 қаноатбахш арзёбӣ намуда, қайд кард, ки фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёрҷабҳа буда, сифати иҷрои вазифаҳои сохторҳои вазорат ба ҳаёти имрӯзу фардои аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.

Таъкид карда шуд, ки доир ба самтҳои фаъолияти вазорат барномаҳои соҳавӣ мавриди амал қарор доранд ва вазоратро мебояд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати онҳо боз ҳам фаъолиятро тақвият диҳад.

Бо таваҷҷуҳ ба таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дастур дода шуд, ки зимни таҳия ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои самтҳои фаъолият ба инобат гирифта шаванд.

Дар фарҷоми ҷаласа бо назардошти муҳокимаи масъала ва таклифу пешниҳодҳо ба сохторҳои вазорат супоришҳои дахлдор дода шуда, қарори Ҳайати мушовара дар ин хусус қабул гардид.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли
аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо