Ҷойи кори муносиб барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дар нимсолаи аввали соли 2021 беш аз 2352 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намуд.

Мавриди зикр аст, ки бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ва мусоидат ба ҳали масъалаҳои фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия яке аз самтҳои асосии фаъолияти Намояндагӣ ба ҳисоб рафта, бо ин мақсад Намояндагӣ бо корфармоёни Федератсияи Россия ҳамкории пайваста ва густурдаро ба роҳ мондааст.

Намояндагӣ аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар Федератсияи Россия қарор доранду барои пайдо кардани ҷойи кори мувофиқ ниёз доранд хоҳиш менамояд, ки барои барои пайдо кардани ҷойи корӣ ба Намояндагӣ муроҷиат намоянд.

Барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ва баррасии масъалаҳои фаъолияти меҳнатӣ масъулини Намояндагӣ дар минтақаҳои Санкт – Петербург, Новосибирск, Уфа, Екатеринбург ва Астрахани Федератсияи Россия фаъолият доранд, ки шаҳрвандон метавонанд ба таври мустақим муроҷиат намоянд.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши ба Федератсияи Россия барои фаъолияти меҳнатӣ омаданро доранд метавонанд ба Хадамоти муҳоҷират ва Агентии бакортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Дар иртибот ба ин Намояндагӣ аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш менамояд, ки зимни оғози фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсияи Россия бо корфармо бастани шартномаи меҳнатиро аз хотир набароварда, ҳатман як нусхаи аслии онро дар худ нигоҳ доранд. Дар ҳолати пайдо гардидани мушкилот дар фаъолияти меҳнатӣ метавонед ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоед.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо