Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии сохтмонии шаҳри Кӯлоб дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли равон, иҷрои лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касби-техникӣ ва омӯзиш»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо сарпарастии Хадамоти муҳоҷират соҳиби компютерҳо, принтерҳо ва дигар таҳҷизотҳои техникӣ гардид.
Инчунин, бо мақсади оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар саҳни ҳавлии муассисаи таълимӣ бинои варзишӣ, ки таъмир талаб аст, рӯзҳои наздик аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират пурра аз таъмир бароварда шуда, дохили бино бо тамоми таҳҷизотҳои варзишӣ таъмин хоҳад гардид. Бинои варзишӣ, ки дар он бозиҳои футбол, волейбол ва дигар намудҳои варзиш пешбинӣ гардидааст, ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир мебошад.
Чуноне, ки сарвари давлат таъкид намуданд, барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таълимӣ ва муҳайё намудани имконоти муосири илмомӯзии ҷавонони кишвар имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бунёди садҳо муассисаҳои таълимӣ бо назардошти талаботи замон идома дорад ва бештари онҳо дар ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират