Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид

Дар Хадамоти муҳоҷират ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш баргузор гардид.

Сардори Хадамот Каримзода Тоҳир дар барои тозаву беолоиш нигоҳ доштани забон, ташаккул ва рушди дубораи забони тоҷикӣ дар даврони истиқлол, ҳифзи забон дар фароянди ҷаҳонишавӣ ибрози андеша намуд.

Мавсуф зикр дошт, ки дар сад соли оянда хатари аз байн рафтани тақрибан ҳаштод дарсади забонҳои дунё вуҷуд дорад. Бо назардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати рушду такомули забони тоҷикӣ ҳамвора тадбир меандешад. Беҳуда нест, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ ва ғамхорӣ дар ҳаққи он таваҷҷуҳи вижа зоҳир шудааст.

Зимни ҳамоиш зикр шуд, ки «мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем».

Бояд тазаккур намуд, ки ҳифзи забони модарӣ на танҳо вазифаи забоншиносон, балки рисолати аҳли ҷомеа аст, зеро забон василаи муоширати одамон буда, танҳо ҷамъият қодир аст онро аз таҳдиду хатарҳои фароянди ҷаҳонишавӣ ҳифз намояд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо