Дар Москва Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратии «Сахарово» чун пештара тибқи тартиби муқараргардида фаъолият менамояд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират ба таваҷҷуҳи муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки вобаста ба ваъзи баамаломадаи геополитикӣ ва ноустувории иқтисодӣ дар ҷаҳон ба таҳлука наафтода, зимни будубош дар ин кишвар меъёрҳои муқарарнамудаи қонунгузории Федератсияи Русияро риоя намоянд.

Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратӣ «Сахарово» тибқи тартиби муқараргардида, ҳамарӯза аз соати 8:00 то 20:00 барои шаҳрвандони хориҷӣ фаъолият менамояд, хабар дод котиби матбуоти Намояндагии мазкур Каримҷон Салимзода.

— Дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ баъзе аз блогерон ва шахсони манфиатҷӯ дар иртибот ба фаъолияти Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратӣ «Сахарово» ҳар гуна овозаҳои беасос паҳн мекунанд.

Шаҳрвандони мо ба ин гуна хабарҳои беасос бовар накарда, барои пардохти маблағи моҳонаи ҳаққи иҷозаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) метавонанд аз соати 8:00 то 20:00 ба маркази мазкур, ки дар суроғаи вилояти Москва, деҳаи Вороновское, шоҳроҳи Варшавское, 64 км, Б1, қабати 47 ҷойгир мебошад, муроҷиат намоянд, — афзуд Каримҷон Салимзода.

Ба муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия дода мешавад, ки ҳангоми пардохти маблағи моҳонаи ҳаққи иҷозаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) аз хизматрасониҳои бонкҳо истифода намуда, баргаи (чек) онро бо худ нигоҳ доранд. Дар иртибот ба ваъзи баамаломадаи бонкӣ пардохти пеш аз муҳлати он (2-3 рӯз пеш) ба манфиат мебошад.


Ҳамзамон дар ин давра ба муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия дода мешавад, ки вобаста ба тағийрёбии қурби асъор аз хароҷоти дуюмдараҷа худдорӣ намуда, маблағҳои худро сарфакорона истифода намоянд. Инчунин пеш аз убури сарҳади давлатии Федератсияи Русия маълумоти худро аз махзани маълумотии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия оид ба манъи вуруд тафтиш намуда, пасон сарҳади давлатиро убур намоянд.

Хотиррасон менамоем, ки дар давраи ноустувории иқтисодӣ эҳтимоли сари вақт пардохт нагардидани музди меҳнат зиёд гардида, тавсия дода мешавад, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми оғози фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, тибқи талаботҳои шартномаи меҳнатӣ фаъолият намоянд. Инчунин зарур аст, ки ҳангоми илованамоии соатҳои корӣ низ шартномаи иловагӣ ба имзо расонида шуда, нусхаи онро ҳатман бо худ маҳфуз доранд.


Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади назорат ва иҷрои қонунҳои амалкунандаи кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ дар самти муносибатҳои меҳнатӣ кормандони мақомотҳои марбутаи Федератсияи Русия ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, қайди муҳоҷиратӣ (регистрация) ва иҷозатномаи фаъолияти (патент) меҳнатиро бо мақсади иҷрои талаботи қонунгузорӣ пурсон мешаванд, ки пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои мазкур зарур буда, итоат кардан ба талаботҳои қонунии кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳатмӣ мебошад.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират
ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо