Вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ

Бо ташаббуси Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират санаи 9 марти соли 2022, дар ноҳияи Истра, шаҳраки Павловская Слобода бо муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманд доир гардид.

Вохӯрии мазкур дар қаҳвахонаи соҳибкори тоҷики муқими шаҳраки Павловская Слобода баргузор гардида, дар он муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар соҳаҳои сохтмон, савдо, хизматрасонӣ ва марказҳои савдо дар шаҳракҳои гирду атроф фаъолият мекарданд, зиёда аз 40 нафар иштирок намуданд.

Дар вохӯрӣ масъулини Намояндагӣ вобаста ба қоидаҳои будубош, риояи қонунҳои амалкунанда, дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ, қоидаҳои бехатарӣ дар истеҳсолот, кафолатҳои ҳуқуқии корфармо ба коргар, шартномаи меҳнатӣ миёни корфармо ва коргарро мавриди муҳокима қарор дода, ба муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба фаъолияти корӣ ва будубош тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ доданд.

Дар охир муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба мушкилоти худ саволҳо пешниҳод намуда, масъулини Намояндагӣ ба онҳо ҷавобҳои мушаххас гардониданд.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират
ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо