Аз 14 – 18 март дар шаҳри Санкт – Петербурги Федератсияи Россия VI – умин Форуми байналмилалии меҳнат баргузор гардид.
Форуми мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Санкт – Петербург дар якҷоягӣ бо Ассамблеяи байнимарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ташкил ва ба роҳ монда шуда, дар он намояндагони кишварҳои узви ИДМ иштирок ва дар панелҳо вобаста ба масъалаҳои ҳифзу ҳуқуқи коргарон, ҷалби муташаккилони муҳоҷирони меҳнатӣ, кафолатҳои ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ ва фароҳамоварии имконият барои аъзои оилаи онҳо мавриди таҳлил ва омӯзиши илмӣ қарор дода шуда, таклифу пешниҳодҳои мушаххас дар ин самт роҳандозӣ карда шуд.
Дар кори форум муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза Анвар, роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират Мирзозода Зоҳир Тоҳир иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ёдовар бояд шуд, ки форуми мазкур ҳамасола доир гардида, дар он умдатарин масъалаҳои ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон дар бахшҳои гуногун ва беҳтарсозии шароити мусоид дар ин самт дар платформаҳо ва майдонҳои мубоҳисавиву таҳлилӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуд.
Форуми мазкур имконияти табодули таҷрибаи давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро барои кишварҳои аъзо фароҳам оварда имконият медиҳад, ки қонунгузориҳо дар ин самт ташаккул дода шуда, мутобиқ ба меёрҳо ва стандарҳои ҷаҳонӣ таҳия, қабул ва тасдиқ гардид.
Дар доираи кори форуми мазкур ҳамзамон ҷалби муташаккилонаи қувваи корӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои муҳоҷирони меҳнатӣ, риоя ва ҳифзи манфиату ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ваъзи ҳуқуқии аъзои оилаи онҳо, ба таҳсил фаро гирифтани фарзандон ва иштирокашон дар ҳаёти мадании аъзои кишварҳои узви ИДМ мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Намояндагии Вазорати меҳнат,
муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ
дар ФР оид ба муҳоҷират