Ҷавонон алайҳи дасисаҳои ифротиён

Имрӯзҳо симои аслии Муҳиддин Кабирӣ маълум ва мардуми Тоҷикистон ӯро ҳамчун як нафари хоину ватанфурӯш мешиносанд. Ин фард муддати чандин сол аст, ки осудагии мардуми кишвари моро халалдор кардан мехоҳад.

Ҷаҳони муосир саршор аз рӯйдодҳои мухталиф ва зиддияту мухолифатҳост. Ҳар рӯз дар арсаи олам ҳодисаҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки нисбат ба онҳо бепарвову бетараф будан нашояд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба сафи ташкилотҳои ифротӣ ҷавононе пайравӣ мекунанд, ноогоҳ ҳастанд. Фарзандони мо бояд аз хурдсолӣ рӯ ба дониш оваранд ва дар бораи донишҳои ҳаётан муҳим маълумот дошта бошанд. Донишҳои аввалинро фарзанд аз модар мегирад. Мактаби нахустини инсон-мактаби тарбияи модар аст. Барои ҳамин, дар навбати аввал зан-модар худаш бояд таҳсилкарда бошад, то ки дар оила таълиму тарбияро дуруст ба роҳ монад ва ба хотири ояндаи неки фарзанди худ, ӯро аз хурдӣ дар рӯҳияи ватандориву ифтихори миллӣ тарбия намояд. Ҳар як зан-модари бедордили тоҷик бояд ба қадри тинҷиву оромӣ ва сулҳу субот бирасад.

Имрӯзҳо симои аслии Муҳиддин Кабирӣ ва пайравони ӯро мардуми кишвари шинохтаанд. Ин хоини миллат дар Аврупо зиндагии муҳоҷирона дорад ва дарбадару дур аз Ватан аст. Чунин аст ҷазои касоне, ки Ватану миллати худро мефурӯшад. Ва чунин хиёнаткорро на Ватан ва на аҳли ҷомеа ҳеҷ гоҳ намебахшад. Имрӯз он дасисабозии хоинони миллат, ки нисбати халқи мо мекунанд ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ намерасанд. Чунки бузургон фармудаанд, ки бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд. Нақшаҳои баде, ки Ин тоифа кашида буданд, оқибат худашонро шармандаю берун аз кишвар кард.

Вазифаи ҳамаи мо, аҳли ҷомеа аз он иборат аст, ки ҷавононро аз гумроҳшавӣ эмин дорем ва ба роҳи дуруст ҳидоят намоем.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо