Ярмаркаи навбатӣ дар Хуҷанд

Дар шароити имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз роҳҳои бо ҷои кор таъмин намудан ва ба касбу забономӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандони бекор, муҳоҷирони меҳнатии аз қаламрави Федератсияи Россия берункардашуда ва воридшавиашон ба ин кишвар муваққатан манъгардида ташкили ярмаркаи ҷойҳои холии кор мебошад. Бо назардошти ин, дар маркази вилояти Суғд бо ибтикори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Хуҷанд ярмаркаи навбатии ҷойҳои холии кор дар маҳаллаи Суғдиён гузаронида шуд.

Дар рафти баргузории он намояндагони раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят, шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд, Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» иштирок намуданд.

Дар баробари пешниҳод ва муаррифӣ кардани ҷойҳои холии кор дар байни ташрифовардагон ба таври густурда оид ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар, пешгирӣ ва мубориза ба муобили терроризму экстремизм, савдои одамон, бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО, вайроншавии оилаҳо ва дигар хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир, ҳамчунин таълиму тарбияи фарзанд, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва тарзи солими ҳаёт корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ шуд. Дар ин радиф чанд номгӯӣ маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ тақсим гардид.

Ба 18 нафар муҳоҷирони меҳнатие, ки аз Федератсияи Россия манъи вуруд шуданд барои бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин намудан роҳхат дода шуд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо