ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии
хизмати давлатии зерин озмун эълон мекунад:

ДАСТГОҲИ МАРКАЗӢ

Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ
Сардори Раёсат 1 ҷой 2994,90 маоши вазифави
Шуъбаи ташкили ва умумӣ
сармутахассис -1 ҷой 1502,30 маоши вазифавӣ
Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ
Шуъбаи иҷозатномадиҳӣ
мутахассиси -1 ҷой 1012,60 маоши вазифавӣ

РАЁСАТИ ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ
ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ
мутахассиси пешбар -1 ҷой 1170,30 маоши вазифавӣ
сармутахассиси -1 ҷой 1427,60 маоши вазифавӣ
мутахассиси пешбар -1 ҷой 1170,30 маоши вазифавӣ

РАЁСАТИ ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ
ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Бахши муҳоҷиратӣ дохилӣ ва экологи
мутахассиси пешбар-1 ҷой 1170,30 маоши вазифавӣ

ШуъбаиХадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент
сармутахассиси -1 ҷой 1361,20 маоши вазифавӣ

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Бустон
мутахассиси пешбари-1 ҷой 1112,20 маоши вазифавӣ

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт
мутахассиси пешбари-1 ҷой 1062,40 маоши вазифавӣ

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен
мутахассиси пешбар – 1 ҷой 1062,40 маоши вазифавӣ

РАЁСАТИ ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ
мутахассис -1 ҷой 962 маоши вазифавӣ
Бахши Хадамоти мухоҷират дар н. Вахш
мутахассис пешбар -1 ҷой 1062,40 маоши вазифавӣ
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар н.М.С.А. Ҳамадонӣ
мутахассиси пешбар -1 ҷой 1062,40 маоши вазифавӣ
Бахши Хадамоти мухоҷират дар н. Восеъ
мутахассиси пешбар -1 ҷой 1062,40 маоши вазифавӣ
Шуъбаи Хадамоти мухоҷират дар н. Данғара
мутахассиси пешбар -1 ҷой 1170,30 маоши вазифавӣ
Шуъба Хадамоти мухоҷират дар н. Ҷайҳун
мутахассис пешбар -1 ҷой 1170,30 маоши вазифавӣ
Бахши Хадмоти муҳоҷират дар н.Н.Хусрав
мутахассиси пешбар – 1 ҷой 1062,40 маоши вазифавӣ

ШУЪБА ВА БАХШҲОИ ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар н.Лахш
мутахассис -1 ҷой 890,70 маоши вазифавӣ
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар н.Сангвор
мутахассиси пешбар-1 ҷой 1062,40 маоши вазифавӣ
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар н.Тоҷикобод
мутахассиси пешбар -1 ҷой 1062,40 маоши вазифавӣ
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ш.Ваҳдат
мутахассис -1 ҷой 913 маоши вазифавӣ

ШУЪБА ВА БАХШҲОИ ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ ДАР ВМКБ
Бахши молия ва хоҷагидорӣ
мутахассиси пешбар – 1 ҷой 1215,10 маоши вазифавӣ

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ш.Хоруғ
мутахассиси – 1 ҷой 1157 маоши вазифавӣ

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар н.Ванҷ
мутахассиси пешбар – 1 ҷой 1088,00 маоши вазифавӣ
мутахассис – 1 ҷой 897,10 маоши вазифавӣ Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии Хадамоти
муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботҳои тахассусии зерин муқаррар шудааст:

Сардори Раёсат- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

  • 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Сармутахассис-мансаби маъмурии категорияи панҷум таҳсилоти олии касбӣ, ихтисос ба вазифаи ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ марбут ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират, сифатҳои касбӣ, донистани забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ, кор бо технологияи муосири электронӣ, таҳлили масъала ва мулоҳизаронӣ.

Мутахассиси пешбар-мансаби маъмурии категорияи шашум таҳсилоти олии касбӣ, ихтисос ба вазифаи ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-1 собиқаи умумии меҳнатӣ,

  • донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ марбут ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират, сифатҳои касбӣ, донистани забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ, кор бо технологияи муосири электронӣ, таҳлили масъала ва мулоҳизаронӣ.

Мутахассис-мансаби маъмурии категорияи ҳафтум таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ марбут ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират, сифатҳои касбӣ, донистани забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ, кор бо технологияи муосири электронӣ, таҳлили масъала ва мулоҳизаронӣ.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кардан лозим аст:
-ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ дар шакли муқарраргардида;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи хуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
-маълумотнома оид ба вазъи саломатии (шакли № 038 УЕ);
-нусхаи шиноснома дар бораи додани рақами мушахасси андозсупоранда (ИНН);
-маълумотнома аз ҷои истиқомат;
-маълумот «Дар бораи тасдиқи Эъломия оид ба андоз аз даромад ва Эъломия оид ба вазъи амволии хизматчии давлатӣ»
-маълумотномаи оиди доғи Суди доштан (ИЦ)
-маълумотнома (объективка) дар бораи фаъолияти корӣ.

Мувофиқи банди 16-и Низомномаи тартиби гузаронидани озмун
«Хароҷоти вобаста ба иштироки довталаб дар озмун (омаду рафт ба маҳалли гузаронидани озмун, иҷораи ҷойи истиқомат) аз ҳисоби довталаб пардохт карда мешавад.

Ба маоши вазифавӣ, инчунин фоизи муайян барои собиқаи хизмати давлатӣ пешбини шудааст.

Эзоҳ: Қабули ариза ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун аз рӯзи чопи эълони мазкур дар мӯҳлати 21 рӯз аз тарафи бахши кадрҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе кӯчаи Айнӣ-121 амалӣ карда мешавад.

Телефон барои тамос: 225-05-73.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо