Идомаи ярмаркаҳо дар Суғд

Бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатие, ки воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Россия манъ шудаанд оид ба таъмин намудани кадрҳои коргарӣ ба ширкатҳои сохтмонии НБО «Роғун»  дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Айнӣ, Ҷаббор Расулов, Ашт ва Деваштич кормандони шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо раёсату шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои мазкур 13 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор гардид.

Дар рафти ярмаркаҳо  муҳоҷирони меҳнатие, ки воридшавиашон ба Федератсияи Россия манъи вуруд шудаанд барои бо кор таъмин шудан дар ширкатҳои сохтмонии «Роғун» аз ҷониби шаҳру ноҳияҳои мазкур зиёда аз 37 нафар ба қайд гирифта шуда, айни замон 4 нафар аз ҳисоби сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Куҳистони Мастчоҳ 1 нафар ва Ашт 1 нафар  бо кор таъмин гардида рӯзҳои наздик 7 нафари дигар сафарбар мегарданд.

Диловар Муродов,

сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо