Дар Хадамоти муҳоҷират ҷашни куҳану ҳамешаҷавони Наврӯз бо иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ва кормандону меҳмонон таҷлил карда шуд.
Кормандони Хадамот ҷамъомади фарҳангии наврӯзиро тибқи расму оини миллӣ гузарониданд. Дастархони оростаи иштирокчиён, ки бо риояи суннатҳои наврӯзии ҳафтсину ҳафтшин ва таомҳои миллӣ зиннат ёфта буд, ба базмгоҳ шукӯҳи тоза мебахшид. Иштирокчиёни ҳамоиш аз намоишгоҳи фарҳанги наврӯзӣ, ки дар он намунаҳои гуногуни осори санъати наққошиву гулдӯзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, унсурҳои фарҳанги наврӯзӣ, хӯрокҳои миллӣ ба тамошо гузошта шуда буд, дидан карданд.
Дар ҷамъомад Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҶТ Хасанзода Гулнора Кенҷа баромад намуда, иброз дошт, ки бо кӯшишу талоши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдорӣ аз ҷониби давлатҳои Эрон, Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Мақдуния, Албания ва дигар давлатҳои Ховари Миёна 23 феврали соли 2010 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ қабул гардид. Тибқи он 21 март рӯзи таҷлили ҷашни Наврӯз ба унвони ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид.
Наврӯз ифодагари фарҳанг, таърих ва ҷаҳонбинии мардумони ориёинажод буда, бо тамоми хусусият ва рамзҳои мондагори худ дар тӯли ҳазорсолаҳо тарзи зиндагии созандаи мардуми тоҷик ва тамаддунсоз будани онро дар умқи таърих нишон медиҳад, – афзуд ӯ.
Наврӯз фарорасии соли нав, рамзи оғози корҳои нав, эҳёи табиат аст, ки дарбаргирандаи ахлоқи ҳамида ва танзимкунандаи фаъолияти минбаъдаи инсон мебошад. Дар ин айём табиат аз нав зинда мегардад, баъд аз торикиҳо рӯшноӣ меояд ё ин ки баъд аз сардиҳои сахти зимистон гармии фараҳбахши баҳорон шуруъ мешавад.
Ҳамзамон, Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо баромад намуда, ҳамаи кормандонро бо ин ҷашни фархунда самимона табрик гуфта, барояшон пеш аз ҳама саломатӣ ва хушбахтиву хонаободӣ орзу намуд.
Сипас, ба чанд нафар фаъолон “Ифтихорнома”, “Сипоснома” ва “Раҳматнома”-и Хадамот супорида шуд.
Дар анҷоми ҳамоиш дар саҳни муассиса рақсу таронаҳои тараннумкунандаи фасли баҳору Наврӯз ба маъракаи наврӯзӣ шукуҳи хосса бахшид.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират