2 майи соли равон бо ибтикори Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бо иштироки собиқадори ҳизб профессор, узви вобастаи АМИТ Қурбонова Ширин дарси сиёсӣ дар мавзӯи “Корнамоиҳои мардуми тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ” ҳамоиш баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот ва иттиллооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Бозорова Барно, роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Хадамот иштирок намуданд.
Зимни баромад профессор Қурбонова Ширин дар бораи ҷонбозиҳои мардуми тоҷик дар ин ҷанги хонумонсӯз сухан гуфта, аз ҷумла қайд намуданд, ки ҳафтоду ҳашт сол муқаддам дар ҳамин гуна рӯзҳои баҳорӣ хабари маҳви фашизми гитлерӣ, анҷоми музаффаронаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва пайки Зафар дар рӯи олам танинандоз гардид.
Мо имрӯз ва минбаъд низ бо ифтихор хотирнишон мекунем, ки барои таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари ҳамаи халқҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми сазовор гузоштаанд.
Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ҷанг Тоҷикистон ҳамаи захираву имкониятҳо ва фарзандони далеру шуҷои худро ба майдони набард сафарбар намуд.
Беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои шадиди ҷанг шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо ба хотири адо кардани қарзи фарзандии хеш дар майдонҳои ҷанг ҳалок шуданд, ки номи неку корномаи онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардидааст.
Нақши Тоҷикистон дар заҳмати шаборӯзии ақибгоҳ низ хеле назаррас аст.
Агар дар солҳои ҷанг ақибгоҳи мустаҳкаму тавоно намебуд ва фидокорию қаҳрамониҳои меҳнатии заҳматкашон намешуд, ҳаргиз мо ба ин ғалаба намерасидем.
Бо вуҷуди душвориҳои зиёд, дар фурсати кутоҳтарин халқи тоҷик дар ақибгоҳ фаъолияти тамоми сохторҳои иқтисодиёти ҷумҳуриро ба таъмини эҳтиёҷоти ҷабҳа равона намуданд.
Мо сари таъзим ба ёди ҷонбозиҳои онҳо фуруд оварда, ҳаргиз намегузорем, ки зиндагии осоиштаву ороми мо, кору пайкори созандаву бунёдкоронаи моро нохалафҳои ҷангҷӯву фитнаангез, иғвогарону бадхоҳони миллату давлат халалдор намоянд.
Омӯзиши таҷрибаи зиндагӣ, маслиҳату машварат, кору пайкор ва зиндагиву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ба наслҳои имрӯзу фардои халқи тоҷик дар роҳи рушди давлати соҳибистиқлол ва ҳимояи марзу буми он дастури зиндаи амал ба шумор меравад.
Ҷашн гирифтани Рӯзи Ғалаба ва эҳтиром гузоштан ба фарзандони содиқи халқи тоҷик вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ва наслҳои оянда буда, омили муҳимтарини тарбияи насли ҷавони мамлакат дар рӯҳияи ватандӯстиву ватандорӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ҷасорату далерӣ мебошад, -афзӯд Қурбонова Ш.
Дар фарҷом ба чанд нафар кормандони дастгоҳи марказии Хадамот шиносномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон супорида шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират