1-уми июни соли равон кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара бо иштироки муҳоҷирони ба ватан баргашта ва аъзои оилаи онҳо семинар – машварат доир намуданд.
Дар вохӯрӣ иштирокдорон оид ба ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирон ибрози андеша намуданд.
Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират Ахмедов М. оид ба муҳоҷирати бехатар ва муқовимат ба савдои одамон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва мубориза алайҳи экстремизм ва терроризм баромад намуд.
Ҳамзамон, бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони бекор тибқи супориши ситоди вилоятӣ вобаста ба масъалаҳои бо ҷои кор таъмин намудани муҳоҷирони манъгашта дар ҶСК «НБО Роғун» варақаҳо буклетҳо пешниҳод намуда, барои бо кор таъмин шудан дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК «НБО Роғун» ба қайд гирифта шуданд.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара