Бо шарофати соҳибистиқлол гаштани давлати тоҷикон сулҳ дар кишвари мо пойдор гардиду давлати мо аз хатари нобудӣ раҳоӣ ёфт. Аммо имрӯз шахсони зиёде ба ҳизбу ҳаракатҳое шомил гаштаанд, ки мехоҳанд аз мақсадҳои нопоки худ истифода бурда, бо ҳар роҳу васила ва амалҳои тундравона тинҷию оромии кишвари осоиштаро вайрон намуда, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ созанд.
Экстремизм ва терроризм – яке аз чунин зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Терроризму экстремизм ба оромию амният ва пойдории давлат хатарҳо эҷод карда, ваҳдату ягонагии миллатро таҳдид мекунад.
Мардуми тоҷик хуб медонанд, ки бархе хоинони миллат мардумфиребиро шуғл карда, ба чашми одамон хок мепошанд. Вале имрӯз мардум симои разилонаи ташкилотҳои экстремистӣ – террористии ҲНИ ва “Гурӯҳи-24”-ро шинохтаанду дигарбора ба доми фиреби ин нохалафон намеафтанд. Зеро аз рўзҳои аввали пайдоиш то имрўз ягон аъзову пайрави онҳо барои ободонии Ватан саҳме нагузоштааст.
Ба фаъолияти ин ташкилотҳои террористӣ агар назар афканем, касе ба ин ташкилоти ифротгароёна шомил шуда бошад, оянда паси панҷара бе хонаву дар аз зану фарзандонаш ҷудо шудааст.
Таи солҳои охир беш аз сад мамлакати дунё зери ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, ҳазорҳо аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаву макону манзили зисташонро тарк кардаанд.
Аммо Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму экстремизм дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти минтақа ва ҷаҳон саҳми ҷиддӣ мегузорад.
Мо, кормандони Хадамоти муҳоҷират низ бо тамоми азму иродаи худ, бо рафтору амалҳои худ намунаи ибрат гашта, талош менамоем, ки ҳамаи кӯшишу ғайрати худро барои тинҷию ободии кишвар ва гул‐гулшукуфоии Ватани маҳбубамон Тоҷикистон равона созем.
Соибов Исроил, сардори шуъбаи иҷозатномадиҳӣ Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ Хадамоти муҳоҷират